Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСоли 2020 шумори аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 9,5 млн хоҳад расид

Соли 2020 шумори аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 9,5 млн хоҳад расид

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар хоҳад расид. Бонки Ҷаҳонӣ ин пешгӯиро эълом карда, навиштааст, ки мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд

Имсол аҳолии Тоҷикистон бо рушди 2 дарсадӣ дар муқоиса бо соли қабл ба 9 миллиону 258 ҳазор нафар расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи ин кишвар 3 миллиону 300 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 600 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар навоҳии марказӣ, 228 ҳазору 500 нафар дар вилояти кӯҳистони Бадахшон ва 855 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе сукунат доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Бонки Ҷаҳонӣ рушди сареъи аҳолииТоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди ҷои кор ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, бомбаи соатӣ эълом карда буд.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки як севум аз аҳолии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сола ташкил медиҳанд ва  муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ҳам душвор шудааст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.

Ба гуфтаи коршиносони умури ҷамъият дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular