Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБҶ кундшавии рушди иқтисод ва мушкили баргардонидани қарзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ...

БҶ кундшавии рушди иқтисод ва мушкили баргардонидани қарзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ кард

Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 ҳамагӣ 5 то 5,5 дарсадро ташкил хоҳад дод. Кундшавии суръати рушдро БҶ ба камшавии интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ва коҳиши қимати ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбат додааст.   

Тибқи арзёбии тозанашркардаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир истихроҷи маъданҳои табиӣ, сохтмон ва саноат ба пешрафти иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, аммо поёнравии қимати ашёи хом, аз ҷумла алюминий ва пахта – ду манбаъи аслии арзи хориҷии нақд суръати ин рушдро то сатҳи 5 дарсад солона поён хоҳад бурд. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст дар ҳар семоҳаи соли 2019 дар Тоҷикистон рушди тавлидоти нохолиси дохилӣ мушоҳида шуд, ки солона 7.2 дар садро ташкил медиҳад, аммо дар ду соли оянда вуруди аслитарин такягоҳи иқтисоди Тоҷикистон – пулҳои муҳоҷирин камтар гардида, боиси кундшавии рушди иқтисод мегардад. 

Ҳамчунин ин ниҳоди байналмиллалӣ ҳушдор додааст, имкон дорад ба зудӣ Тоҷикистон ба мушкили сахте дар баргардонидани қарзҳои хориҷиаш рӯбарӯ шавад. Ҳоло қарзи хориҷии Тоҷикистон аз марзи 3 млрд доллар убур кардааст ва кишвар ҳамчунон дар ҷустуҷӯи қарзҳои нав аст. Бузургтарин саҳми қарзҳо ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун таъаллуқ доранд. Бонки ҷаҳонӣ ҳам ҳушдор додааст идомаи қарзгирӣ барои ин сохтмон метавонад кишварро ба хатароти бузурги молиявӣ мувоҷеҳ созад. 

Қисмати бузурги қарзҳои Тоҷикистон аз Чин аст, ки ҳудуди 60 дарсади қарзҳоро ташкил медиҳанд. Коршиносон борҳо аз хатари ин гуна қарзҳои ҳангуфт аз ин кишвари абарқудрат огоҳ кардаанд. Хавфи коршиносон ҳам бе сабаб нест. Чанд кишвар бинобар қарзҳои ҳангйфт аз Чин маҷбур ба додани амокини стротежӣ, бандару фурӯдгоҳ ва пойгоҳҳои ҳарбӣ ба Чин шудаанд.

Шри-Ланка, ки аз Чин 8 млрд доллар қарздор шуда буд ва натавонист онро бозпас диҳад, маҷбур шуд бузургтарин бандар дар ин кишвар ва яке аз бандарҳои стротежӣ жар ҷаҳон – Хамбатотаро дар ихтиёри аждаҳои сурх гузорад. Аммо дар ивази ин бандар Чин танҳо 1,1 млрд қарзи Шри-Ланкро бахшид. 

Покистон ҳам, ки қарзаш аз Чин ба 16 млрд доллар расидааст, бандари Гвадар дар сарҳади ду кишварро барои 43 сол дар ихтиёри ширкати давлатии Чин “China Overseas Port Holding” гузошт. Ин ширкат қарор аст дар атрофи бандари Гвадар минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд кунад.  Аммо 91дарсади даромади бандар ва 85 дарсади минтақаи озодӣ иқтисодӣ ба Чин таъаллуқ хоҳад гирифт. 

Ҳамчунин Чин ба ивази қарзҳояш чанд фурӯдгоҳ ва пойгоҳҳои ҳарбӣ дар кишварҳои африқоӣ ва уқёнусиро ба даст овардааст, ки ба ин абарқудрат имкон додааст дар тамоми минтақаи Африқо ва Океания пойгоҳҳои ҳарбӣ дуруст кунад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular