Ҳамлаи мӯътаризон дар Ироқ ба намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Наҷаф барои дувумин бор зарфи ҳафтаи гузашта рӯй медиҳад. Мӯътаризон дар ин ҳамла сохтмони консулгарии Эронро муҷаддадан ба оташ кашиданд. Зарфи се рӯзи гузашта 20 нафар дар Наҷаф кушта шудаанд.
Дар вопасин соатҳо рӯзи якшанбе, аввали декабр мӯътаризон ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Наҷаф ҳамла карда ва сохтмони ин консулгариро ба оташ кашидаанд.
Рӯзи чаҳоршанбе 27 ноябр низ шуморе аз мӯътаризон сохтмони намояндагии Эрон дар Наҷафро ба оташ кашида буданд. Ба ин тартиб, ин дувумин бор зарфи чанд рӯзи гузаштааст, ки мӯътаризони ироқӣ хашми худ аз дахолатҳои Эрон дар умури дохили Ироқро бо ҳамла ба консулгари Наҷаф нишон медиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Олмон нерӯҳои интизомӣ дар рӯзи якшанбе натавониста буданд монеъи ҳамлаи эътирозгарон ба консулгарии Эрон дар Наҷаф шаванд. Рӯзи чаҳоршанбе 27 ноябр, мӯътаризон ба рағми партоби гази ашковар ва тирандозӣ аз сӯи нерӯҳои интизомӣ муваффақ шуда буданд сохтмони намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Наҷафро ба оташ кашанд.
Оятуллоҳ Алии Хоманайи, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла ба консулгари Эрон дар Наҷафро маҳкум кардааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла ба намояндагиҳои сиёсии худ дар шаҳрҳои Карбало, Басра ва Наҷафро ба нерӯҳои хориҷӣ нисбат медиҳад ва аз давлати Ироқ хостааст то бо омилони ин ҳамалот қотеъона бархурд шавад.
Идомаи нооромиҳо дар Наҷаф
Дар вокуниш ба тадовуми нооромиҳо ва эътирозоти густурдаи мардумӣ дар Ироқ, Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири ин кишвар ногузир ба канорагирӣ шуд. Пазириши истеъфои Абдулмаҳдӣ аз сӯи парлумони Ироқ низ натавонист ба эътирозоти мардум дар ин кишвар поён диҳад.
Эътирозот дар бархе аз шаҳрҳои Ироқ ва аз ҷумла дар устонҳои Наҷаф ва Зиқор рӯзи якшанбеи аввали декабр низ идома дошт. Бар асос гузоришҳои мунташиршуда, мӯътаризон дар Наҷаф ба мақбараи Оятуллоҳ Муҳаммадбоқир Ҳаким низ ҳамла карда ва сохтмони ин мақбараро ба оташ кашиданд.
Зарфи чанд рӯзи гузашта, танҳо дар Наҷаф, дасти кам 20 нафар дар ҷараёни эътирозот кушта шуданд. Дар нооромиҳои Ироқ, ки аз авоили октябри соли ҷорӣ оғоз шуда буд, то кунун беш аз 380 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар низ дар ҷараёни ин эътирозот маҷрӯҳ шуданд.
Созмонҳои мудофеъ ҳуқуқи башар нисбат ба хушунати нерӯҳои интизомӣ дар муқобила бо эътирозот дар Ироқ интиқод кардаанд. Гуфта мешавад, ки бисёре аз мӯътаризон дар асари исобати гулӯла ҷони худро аз даст додаанд
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

