Тибқи таҳқиқоти Бюрои миллии таҳқиқоти иқтисодии Амрико, қисми зиёди қарзҳое, ки Чин ба кишварҳои дигар медиҳад, пинҳонӣ буда, бештари ин кишварҳо худашон намедонанд чӣ қадар аз Чин қарздоранд.
Тоҷикистон бо суръат вобастагиҳояш аз Чинро бештар мекунад. Ҳоло беш аз ними қарзи хориҷии кишвар мутааллиқ ба “Аждаҳои сурх” аст ва 75 дарсади сармояҳои мустақими хориҷӣ дар ду соли охир низ аз ин кишвар ворид шудаанд. Манобеъи зеризаминии Тоҷикистон низ ҳарчӣ бештар дар ихтиёри ҳамсоякишвари абарқудрат қарор мегиранд. Коркарди конҳои ду гаронбаҳотарин метал – тилло ва нуқра дар Тоҷикистон монополияи Чин шудаанд.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон мавқеъашро дар тамоми радабандиҳои сармоягузорӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, бизнес ва ғайра бо суръат аз даст медиҳад ва шумори кишварҳову ширкатҳои алоқаманд ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон торафт камтар мешаванд, кишвар тасмим гирифтааст дар се соли оянда беш аз 1 млрд доллар қарз гирад ва дар орзӯи ҷалби сармояи бузурги хориҷӣ аст. Мушкили ҷалби қарз аз институтҳои молиявии байналмиллалӣ ва кишварҳои рушдкардаи дигар, бинобар камбуди боварии онҳо ба низоми молиявиву иқтисодии кишвар, Тоҷикистонро маҷбур ба рӯй овардан ба қарзу сармояҳои Чин кардааст. Бо гумони ғолиб қисмати бузурги беш аз як миллиарде ҳам, ки Тоҷикистон дар се соли оянда гирифтанист, аз Чин хоҳад буд.
Дар санад, ки бо қарори ҳукумат ва имзои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, гуфта мешавад, Тоҷикистон ният дорад, соли 2020 беш аз 220 миллион доллар, соли 2021-ум 336,48 миллион доллар ва соли 2022-юм 365,31 миллион доллар аз хориҷа қарз гирад.
Ҳоло қарзи Тоҷикистон назди Чин аз марзи якуним миллиард доллар таҷовуз кардааст ва ба 52 дарсади қарзҳои хориҷии Тоҷикистон баробар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи таҳқиқоти Бюрои миллии таҳқиқоти иқтисодии Амрико мустақар дар Кембриҷи иёлати Массачусетс тақрибан ними қарзҳое, ки Чин ба кишварҳои дигар медиҳад, пинҳонӣ буда, ҷомеа аз онҳо огоҳӣ надорад. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, бархе аз кишварҳо ҳатто намедонанд чӣ қадар аз Чин қарздоранд. Ин гуна сармоягузориҳои пинҳонӣ дар даҳ сол ва он ҳам то соли 2016 ҳудуди 200 млрд долларро ташкил додаанд. Яъне имкон дорад қарзи Тоҷикистон аз Чин на 1,5 млрд, балки беш аз се млрд доллар бошад. Ба Чин додани конҳои зиёди кишвар бидуни ифшо сохтани шартҳои онро метавон далели ин амр донист.
Таҳқиқоти мазкур ба шакли гузориш таҳти унвони нашр шудааст ва муаллифони он Себастян Ҳорн аз донишгоҳи Мюнхен, Кармен М. Рейнхарт аз мактаби Гарварди Кеннеди ва Кристоф Требеш из донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонии Кил мебошанд.
“Ҳуҷҷатҳои содироти сармоя аз Чин ҳади ақал ношаффоф ҳастанд. Чин дар бораи қарзҳои давлатӣ ҳеҷ иттилоъе намедиҳад ва ҳеҷ санади стандартонидашудаи маълумот дар бораи ҳаҷми қарзҳое, ки Чин ба хориҷ додааст вуҷуд надорад. Маълумот дар бораи қарзҳои ба хориҷдодаи Чин бе ҳеҷ мушкиле аз назарҳо пинҳон мемонанд” – гуфта мешавад дар гузориш.
Ин кор чӣ гуна сурат мегирад?
Тақрибан ҳамаи қарзҳои Чинро бонкҳое медиҳанд, ки аз тарафи давлат контрол мешаванд. Барои мисол, вақте Эксимбонки Чин пружае дар Тоҷикистон, масалан сохтмони роҳро маблағгузорӣ мекунад, он маблағро мустақим ба пудратчии чинӣ, ки ба сохтмони роҳ машғул аст, медиҳад. Зеро интиқоли пул ба хориҷ сурат намегирад, Бонки ҳисобҳои байналмиллалӣ (БҲМ) чизеро ба қайд намегирад. Чин танҳо дар соли 2015 ба додани маълумот дар бораи интиқолоти байналмиллалии худ шурӯъ кард, вале дертар аз додани маълумот дар бораи траншҳои дуҷониба даст кашид. Созмонҳои хусусии молиявӣ низ гранту қарзҳои давлатиро, ки қисми асосии хароҷоти Чин дар кишварҳои дар ҳоли рушдро ташкил медиҳад, пайгирӣ намекунанд.
“Дар натиҷа, худи кишварҳои қарздор маълумоти пурра дар бораи ин ки чӣ қадар ва бо кадом шартҳо аз Чин қарз гирифтаанд, надоранд” – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.
Барои пайдо кардани посух ба ин суол, Ҳорн ва ҳамкоронаш махзани маълумоти донишмандон ва марказҳои таҳлилро омӯхтанд ва рӯйхате аз 1974 қарз ва 2947 гранти Чин, ки ба 152 кишвари дар ҳоли рушд дода шудааст, тартиб доданд. Бо муқоисаи маълумот дар бораи ин қарзу грантҳо ва он маълумоте, ки Чин ба Хазинаи байналмиллалии асъор (ХБА) додааст ва ҳисобот ба БҲМ аз соли 2015, онҳо маълум карданд, ки “50%-и қарзҳои хориҷии Чин аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ба қайд гирифта намешаванд ва бинобар ин дар омори расмӣ оид ба қарзҳо қайд намегарданд”.
Ин ношаффофӣ дар ҳама самтҳо риск ба вуҷуд меоварад
Ба кишвари қарзгиранда, ки намедонад чӣ қадар қарздор аст, банақшагирии хидматрасонии қарзҳо мушкил аст. Пешбинии авоқиби қарзҳо аз он печидатар мешавад, ки Чин асосан бо нархи тиҷорӣ (беш аз 50 дарсади қарзҳо дар солҳои 2000-2017 ва бо доллар (85%-и қарзҳо) қарз медиҳад. Кишварҳое, ки пули миллиашон бо суръат беқурб мешавад, аз ҷумла кишварҳои фақири Осиёи Миёна, дар баргардонидани қарзи долларӣ ба мушкилоти бузург мувоҷеҳ мешаванд. Дар ин муддат сомонии тоҷикӣ 76% ва соми қирғизӣ 32%-и қимати худро аз даст доданд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки барои сармоягузорони дигар ин ноитминонӣ бояд бонги хатар бошад. “Ин қарзҳои пинҳонии хориҷӣ таҳлили рискҳои кишварӣ ва ҳисобгирии фоизҳои қарзро мушкил мекунад” – мегӯянд муаллифон.
Харидорони қоғазҳои қиматҳои давлатии ин кишварҳо ҳамчунин метавонанд ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанд, ки дар сурати муфлис эълон шудани кишвар қарзҳои онҳо дар кадом зина қарор хоҳанд гирифт: “Сармоягузорони шахсӣ зоҳиран дарк намекунанд, ки чӣ қадар аз кишвари Чин поёнтар қарор доранд”.
Ҳорн ва ҳаммуаллифонаш таъкид мекунанд, ки Чин ин қарзҳои бузургро на ба хотири гирифтани фоидаи молиявӣ аз онҳо медиҳад, балки манофеъи он ба маъодин ва таъсири геополитикӣ нигаронида шудааст. Дар ин бора созишномаҳои ношаффофи гозӣ бо Туркманистон ва дар ихтиёри Чин қарор гирифтани конҳои тиллову нуқра дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Дар , , , ва моро пайгирӣ кунед!
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

