Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМасъули тарбияи кӯдак пас аз талоқ, падар ё модар?

Масъули тарбияи кӯдак пас аз талоқ, падар ё модар?

Вақте ду ҷуфти ҳанӯз фарзанддор нашуда аз ҳам ҷудо мегарданд, пас аз талоқ ҳар яке думболи ҳаёти шахсии худ мераванд. Ба ҷуз хотираҳо аз ҳаёти чандрӯзаи бо ҳам гузаронида, чизи дигаре намемонад. Замоне бо ҳам зану шавҳар буданд, имрӯз дигар бегона ҳастанд ва дигар ҳама чиз ба охир расид.

Аммо вақте ду ҷуфти соҳиби фарзанд аз ҳам ҷудо мегарданд, бо талоқ додан ҳама чиз тамом намешавад. Дар пеши инҳо як масъалаи ҷиддии ҳатман ҳал кардани вуҷуд дорад, он ҳам масъалаи тарбия ва парастории фарзандон. Фарзанди ду ҷуфти ҷудошуда бо кӣ бояд бимонад, аз рӯи шариат, пас аз талоқ ҳақдортарин шахс барои бо худ гирифтану тарбия кардани кӯдакон кӣ аст? Посухи ин саволҳоро хоҳем гирифт.

Кӯдаки ҳанӯз ба синни булуғ нарасида 

Вақте зану шавҳар бо ҳам зиндагӣ мекунанд, тарбияи кӯдакон ба дӯши ҳардуи онҳост. Вале чун ёфтани ризқу рӯзи ба гардани падар аст, мураббияи асосии хона модар мебошад. Падар бошад асосан дар таъмин кардани ҳаёти зану фарзандонаш саъй мекунад.

Аммо, вақте зану шавҳари фарзанддор аз ҳам ҷудо мегарданд, дар ин ҳолат, агар фарзанд кӯчак  бошад, ҳанӯз ба синни булуғ нарасидаву ҳоло барои ихтиёр кардани падар ва ё модар ақлаш намерасида бошад, дар ин ҳолат мувофиқи шариат кӯдаки ҳанӯз ба балоғат нарасидаро бояд модар ба тарбияаш гирад.

Барои он ки кӯдаки ба балоғат нарисада чӣ писар бошад, чӣ духтар, якто бошад ё ду, сето ба модари худ хеле ниёз дорад. Беҳтарин нигоҳубинкунандаи  кӯдаки хурдсол танҳо модар аст. Кӯдаки ба балоғат нарасида асосан ба меҳру шафқат, муҳаббати софи инсонӣ муҳтоҷ аст ва инро танҳо модар метавонад ба кӯдакаш диҳад. Раҳму шафқате, ки дар модар вуҷуд дорад, дар каси дигаре нест.

Албатта падар низ меҳрубону ғамҳор аст, аммо чун падар аз паи кору ёфтани ризқу рӯзии фарзандонаш аст, мисли модар ба андозаи кофӣ наметавонад аз кӯдак нигоҳубин кунад.

Аз тарафи дигар сабре, ки модар дорад, дар падар нест. Модар аз рӯи меҳру шафқате, ки бо он халқ шудааст, метавонад ҳама мушкилиҳои тарбияи кӯдакро таҳаммул кунад, аммо баъзан асаби падар он ҳама мушкилиҳои тарбияи кӯдаки хурдакакро таҳаммул карда наметавонад.

Яке аз сабабҳои асоси дигаре, ки модарро аввалин нафари ҳақдор барои гирифтани кӯдак мегардонад, ин ширдиҳӣ аст. Модар бояд кӯдакашро шир диҳад ва албатта то дусолагӣ шир додан, тибқи шариат беҳтар аст. 

Дар Сунани Абудовуд омадааст, ки зане ба назди Паёмбар омаду гуфт:

Эй Расулаллоҳ, ана ин кӯдаки ман, то ба дунё омаданаш дар шиками ман буд, сипас ҳамеша дар бағалам буд, ба ӯ шир медодам, ҳоло бошад аз шавҳарам ҷудо шудаму падараш мехоҳад ӯро аз ман бигирад.

Паёмбар инро шунида ба зан мегӯянд:

انت احق به ما لم تنكحي

Ту ба кӯдакат аз падараш ҳақдортар ҳастӣ то замоне, ки бо марди дигаре издивоҷ накунӣ.

Паёмбар шикояти занро шунавида мегӯянд, ки пас аз талоқ модоме, ки кӯдак ҳанӯз кӯчак аст, модар тарбияи кӯдакро ба ӯҳда мегирад. Аммо замоне, ки модар ба шахси дигар издивоҷ кард, кӯдакро бояд падар ва ё хешовандони дигар ба ӯҳда гиранд.

Инчунин дар китоби Муваттаи имом Молик омадааст, ки ҳазрати Умар бо зане издивоҷ карда буданд ва аз он зан фарзандашон Осим ба дунё омада буд. Умар аз модари Осим ҷудо мешаванд. Рӯзе Умар аз назди масҷид мегузаштанд ва мебинанд, ки Осими хурдакак ҳамроҳи кӯдакон бозӣ дорад. Умар, ки албатта падар ҳастанд, дилашон ба кӯдаки хеш метапад, кӯдаки худро ба оғӯш мегиранду ба аспи худ савор карда, бо худ мебаранд. Модарбузурги кӯдак инро мушоҳида мекунаду давида ба назди Умар омада, бо Умар кашмакашӣ мекунад.Сипас ба назди халифа мусалмонон Абубакри сиддиқ меоянд, Умар мегӯяд, ин фарзандам мехоҳам бо ман бошад, модараш мегӯяд, фарзанди ман ба касе намедиҳам.

Абубакр кашмакашии падару модарро дида, мегӯянд:

Умар кӯдакро ба модараш деҳ.

Умар сухани Абубакрро рад накарда, кӯдакро ба модараш медиҳанд.

Модар ҳақдортарин шахсест, ки пас аз талоқ кӯдаконашро бо худ гирад, аммо на ҳамаи модарон метавонанд, пас аз талоқ тарбиятгари кӯдакашон бошанд, баъзе сифатҳое аст, ки модарро аз тарбияи кӯдакаш маҳрум месозад:

  1. Беморӣ. Модаре, ки бемории равони дорад ва ё беморие дигар, ки ӯро намегузорад кӯдакашро ба тарзи кофӣ нигоҳубин кунад, наметавонад пас аз талоқ, кӯдаконашро бо худ гирад. Албата дар назди модари бемор кӯдак сарсон мегардад, модари бемор худ муҳтоҷи нигоҳубини каси дигар аст, ӯ наметавонад аз ӯҳдаи тарбияи кӯдак барояд. Агар, пас аз талоқ муайян шуд, ки модар бемории равонӣ дорад ва ё бемориҳои дигаре дорад, ки ӯро аз тарбияву нигоҳубини кӯдакон боз медорад, дар ин ҳолат кӯдакро ба модар намедиҳанд. Кӯдаке, ки дар дасти модари бемор бузург мешавад, баъзан худаш низ бемор мегардад. Бояд оиди тарбияи кӯдак фикр кард, аз рӯи дилсузӣ неву аз рӯи ақл бояд қазоват кунем. Албатта агарчӣ бемор бошад ҳам, ӯ модар аст, кӯдакашро дӯст медорад, аммо барои тарбияи кӯдак танҳо муҳаббат кофӣ нест, кӯдак бояд ҳама ҷониба нашъунамо ёбад. Модари бемор наметавонад, комилан парастори кӯдакаш бошад.
  2. Қудрати тарбияи кӯдаконро доштан, аз аҳли тарбия будан. Модаре, ки пас аз талоқ кӯдакашро мегирад, бояд аҳли тарбия бошад, аз ахлоқҳои бади инсонӣ дур бошад. Зане, ки пайваста май менӯшад ва ё шабҳо дар кӯчаҳо ҳамроҳи дӯстонаш сархушӣ мекунад ва ё он қадар фирефтаи ҷавонии худ аст, ки барои тарбияи кӯдак аслан вақт надорад, асло сазовори парастории кӯдакро надорад. Ин намуд занҳо ба ҷои кӯдакро бузург кардану тарбият кардан, кӯдакро нобуд месозанд. Албатта хатогиҳои кӯчак дар ҳама инсонҳо вуҷуд дорад, аммо зане, ки баръало машғули гуноҳои кабира аст, бадахлоқиро хислати табии инсонӣ медонад, сазовори модар шуданро надорад.
  3. Барои тарбияи кӯдак шароит доштан. Агар модар дар ҷойе кор кунад, ки ӯро аз тарбияи кӯдакаш боз дорад, мисли ин ки ҳамеша дар сафар бошад ва ё вақтҳои дароз берун аз хона бошад, чӣ гунае, ки баъзе хоҳарон ҳамеша дар сафар ҳастанд ва ё дар ҷойе кор мекунанд, ки аксари вақташрн дар ҷойи кор мегузарад, албатта ки ба дурусти кӯдакро нигоҳубин карда наметавонанд. Дар ин ҳолат низ, пас аз талоқ ба шароити кори онҳо нигоҳ карда, кӯдакро ба модар намедиҳанд.
  4. Издивоҷи модар. Вақте саҳобизане ба паёмбар шикоят мекунад, ки шавҳараш пас аз талоқ мехоҳад кӯдакашро аз ӯ бигирад, Паёмбар ба ӯ мегӯянд: Ту барои гирифтани кӯдак ҳақдортар ҳастӣ, то даме, ки ба шахси дигар ба шавҳари набароӣ. Пас аз талоқ кӯдак бо модараш мемонад, аммо замоне, ки модар шавҳар мекунад, кӯдакро падар ва ё модарбузург мегиранд. Уламо мегӯянд, вақте модар бо марди бегона издивоҷ мекунад, кӯдак дар хонаи марди бегона ба андозаи кофӣ муҳаббату садоқат намебинад. На ҳама мардҳо ба кӯдаки бегона меҳру муҳаббат мекунанд, ӯро мисли фарзанди худ меҳисобанд. Модар низ пас аз издивоҷ бо худу шавҳараш машғул мегардад, мисли пештара ба кӯдакаш аҳмият дода наметавонад. Барои ҳамин барои ҳифзи эхсосоти кӯдак, то ин ки кӯдак дар хонаи марди бегона осеби равонӣ набинад, мабодо бо ӯ муомилаи бад накунанд, ҳисси ифтихори кӯдаконаашро барҳам назананд, Паёмбар амр карданд, тарбияи кӯдакон то издивоҷ кардани модар дар бари модар бошад, аммо пас аз издивоҷ, модар наметавонад ҳақдортарин шахс барои гирифтани кӯдакаш бошад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular