Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКафил гирифтан дар пардохти қарз аз нигоҳи шариат

Кафил гирифтан дар пардохти қарз аз нигоҳи шариат

Оиди намудҳои гарав сӯҳбат карда будем. Зикр карда будем, ки шахси қарздиҳанда ва ё нафаре, ки колоро бо тақсит мефурӯшад, барои замонати маблағи додаааш метавонад аз шахси қарздор гарав талаб намояд. Гарав метавонад чизи нақд бошад ва ё ҳуҷҷате бошад, ки дар он яке аз дороиҳои қарздорро, ҳамчун замонат ба номи қарздиҳанда гузаронида шуда бошад.

Одатан вақте аз бонкҳои исломӣ қарз гирифта мешавад, қарзгиранда яке аз дороиҳои худро, ҳамчун замонати пардохти қарзаш ба номи бонк мегузаронад.  Дар сурати дер кардани пардохт бонк ҳақ дорад, он гаравро фурӯшад ва маблағи қарзи додаашро аз он шиканад.

Вақтҳои охир аксарияти мушкилиҳо дар ҷомеа аз кӯтоҳӣ кардани қарздор дар пардохт сар мезанад. Нафаре ба яке аз дӯстон ва ё хешовандаш бо дили пур қарз медиҳад. Ҳангоми қарздиҳӣ ҳеҷ замонате ба ҷуз аҳду паймон аз қарзгиранда намегирад, бехабар аз он, ки на ҳамаи мардум аҳли аҳду паймон ҳастанд, на ҳама дар қавли худ устувор ҳастанд. Шояд шумо ба нафари бовариноки худ маблағи бузургеро қарз диҳед, аммо ӯ моли шуморо ҳадар диҳад, дар пардохт кӯтоҳӣ кунад, шахсӣ бепарвову ноӯҳдадор барояд.

Аксари ҷангҷолҳо дар ҷомеа байни наздикон ва яке аз сабабҳои дилхунукӣ қарзҳои пардохт нашуда мебошад. Нафаре ба яке аз наздиконаш қарз медиҳад, сипас шояд даҳ сол аз муддати қарз гузарад ва он қарздор маблағро бар нагардонад. Бо ҳамин шахси қарздода ҳам пули додаашро аз даст медиҳад, ҳам эътимоду бовариашро куллан гум мекунад.

Агар додугирифт хусусан қарздиҳӣ аз рӯи шариат сурат гирад, аминам ин мушкили роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. Агар шахсӣ қарзгиранда чизеро, ҳамчун гарав ба дасти қарздиҳанда диҳад ва дар ҳолати кӯтоҳӣ гарав аз они қарздиҳанда гардад, ҳарду тараф зиён нахоҳанд дид. Қарздиҳанда бо хотири ҷамъ натарсида, ҳам қарз медиҳад, ҳам амин аст, ки маблағи додааш зойеъ намегардад. Дар сурати бозпас нагирифтани моли додааш метавонад, гарави дар даст бударо истифода кунад. Шахси қазргирифта низ бо вуҷуди гарави додааш кӯшиш мекунад, ҳарчӣ зудтар маблағи гирифтаашро баргардонад. Аммо чӣ гунае, ки борҳо такрор кардем, нархи гарав бояд беягон зиёдӣ баробари нархи қарз бошад, агар заррае зиёд шуд, ин рибои муҳаррам аст.

Шумо ҳақ надоред ба ивази ҳазор долори қарзи додаатон мошин, ки арзиши  се ҳазор долорро дорад, аз они худ кунед. Агар мошин дар гарави шумост, онро мефурӯшед, ҳазор долорашро мегиред, бақияро ба дасти соҳибаш медиҳед.

Гоҳе мешавад, ки шахси қарзгиранда ягон чизи арзишманде надорад, ки ба шахси қарздиҳанда, ҳамчун гарав бидиҳад. Ё шояд ҳам дорад, аммо аз он метарсад, ки агар онро ба гарав диҳад, хасорати зиёд мебинад. Масалан, барои додани гарав ягона хонааш ҳаст, агар онро ба гарав диҳад, фарзандонашро хатари дар кӯча мондан таҳдид мекунад, дар ин ҳолат чӣ бояд кунад. Ба ӯ барои муддате қарз лозим аст ва ё чизеро бо тақсит, рассрочка хариданист, аммо ҳеҷ моле надорад, ки замонати қарзаш гардад.

Дар ин ҳолат шахсеро ва ё ҷиҳатеро барои худ кафил мегирад. 

Шахсе, ки ба қарздиҳанда замонат медиҳад, ки дар сурати кутоҳӣ кардани қарзгиранда, ӯ тамоми қарзи ӯро пардохт хоҳад кард, инро дар шариат кафолат мегӯянд.

Дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки ҷанозаеро ба назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам меоваранд, то ҳазрат ба он намоз гузоранд. Паёмбар мепурсанд, оё ин шахси фавтида қарздор аст ё на?

Ба Паёмбар мегӯянд, оре, ӯ қарздор буд, қарзҳояшро пардохт накарда, аз дунё рафт.

Паёмбар мегӯянд, ин тавр бошад, шумоён ҷанозаашро хонед.

Худашон аз хондани намози ҷаноза ба шахси қарздор даст мекашанд, то танбеҳе барои қарздорон гардад.

Саҳобие аз байни мардум боло шуда мегӯяд:

Паёмбар ман қарзҳояшро ба ӯҳдаам мегирам, ман он қарзҳоро пардохт мекунам, қарзаш ба гардани ман аст.

Сипас Паёмбар ба он маййит намоз мегузоранд.

Дар ҳадисӣ Тирмизӣ омадааст, ки Паёмбар мефармоянд:

ألزعيم غارم

Шахси кафил, ба замонат гирифтаи қарзи дигари худ қарздор ҳисобида мешавад.

Дар сурати кӯтоҳӣ кардани қарздори аслӣ, шахси кафил, ҳамчун қарздор маҷбур аст, қарзи ба гарданаш гирифтаро аз номи соҳибаш ба қарздиҳанда пардохт кунад.

Кафил гирифтан дар вақти қарзгирӣ як навъи замонат аст, барои пардохти маблағи қарз. Шахси кафил бо навистани васиқае ва ё чеке барои қарздиҳанда замонат медиҳад, ки агар мабодо нафари қарздор дар баргардонидани қарз кутоҳӣ кард, ӯ маблағи қарзро пардохт хоҳад кард.

Қарздиҳанда бошад, агар мабодо шахси қарздор кутоҳӣ кунад ва ё ғайб занад бо он васиқаи дар дасташ буда, маблағи додаашро аз кафил меситонад. Албатта ногуфта намонад, ки кафиле, ки қарзи дар кафолаташ бударо пардохт кард, он маблағи пардохт кардаашро аз қарздори аслӣ бозпас мегирад. Магар ин ки он амалро холисан барои Аллоҳ карда бошад.

Дар замони имрӯза ҳеҷ амале нест, ки бемузд анҷом шавад. Ҳар як нафаре ва ё муассисае, ки хидматеро анҷом медиҳад, ба ивази он хидматаш музд мехоҳад. Оё шахси кафил низ барои замонати додааш ҳақ дорад, музд гирад ё на?

Ба ин савол доктори Илми Фиқҳи Муқоран, донишманди ҷавон устоди донишгоҳи Азҳари Қоҳира Муҳаммад Хайрӣ ба мо ҷавоб хоҳанд дод.

Оё шахсе, ки ҳамчун кафил қарзи касеро дар ҳолати пардохт нашудан ба гардан мегирад, новобаста ба он ки кафил як инсони оддӣ аст ва ё ягон муассисаи махсус ҳақ дорад ба ивази хидмати ба кафолат гирифтааш аз шахси қарздор музд талаб кунад?

Доктор Муҳаммад Хайрӣ:

“Алҳамдулиллоҳ аммо баъд. Гирифтани музд барои кафилӣ ҷоиз нест. Барои он, ки гирифтани музд, ақди кафолатро ба ақди рибо табдил медиҳад. Тафсили ин чунин аст. Шахси кафил бояд қарзи ба кафолаташ гирифтаро пардохт кунад. Агар қарзи гирифташуда, масалан ҳазор сум бошад, сипас кафил он ҳазорро пардохт кунад ва барои пардохташ сад сум музд гирад, ин гӯё, ки ҳазор сум қарздоду ҳазору сад сум аз қарздори аслӣ пул гирифт ва ин айнан рибо аст. Инро Ибни Қудома дар китоби Муғнӣ ва шайхи Муфассирин Ибни Ҷарири Табарӣ дар китоби худ зикр кардаанд ва ин қарори Ҷамъияти Фиқҳи Исломӣ мебошад. Барои ҳамин гирифтани музд барои кафолатгирӣ ҷоиз нест.

Ақди ба кафолатгирӣ яке аз ақдҳои табарруъ, холис барои савоб мебошад. Ақде, ки барои ризогии Аллоҳ анҷом дода мешавад ва муқобилаш музди молӣ талаб карда намешавад. Замоне, ки ин ақд ба муздгирӣ меанҷомад, кафолатро ба судхӯрӣ табдил медиҳад ва ин албатта ҷоиз нест”.

Азизон баён шуд, ки ҳар касе, ки дар пардохти қарзи касе, ҳамчун кафил ё чӣ гунае, ки машҳур аст, спонсор иштирок мекунад набояд муқобили ин амали худ музд гирад.

Аммо агар ба кафолат гирифтани ӯ баъзе ҳуҷҷаҳо лозим бошад, харҷи он ҳуҷҷатҳо ҳамааш ба гардани шахси қарздор мебошад, кафил ҳақ дорад, маблағе, ки барои омода кардани ҳуҷҷати кафилӣ сарф кард аз шахси қарздор ситонад.

Муслима Аҳмадӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular