Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет$110 млн кӯмаки БОР барои сохтмони роҳи Обигарм –Нуробод

$110 млн кӯмаки БОР барои сохтмони роҳи Обигарм –Нуробод

Бонки осиёии рушд барои сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод 110 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Роҳи амалкунанда байни маҳаллаҳои аҳолинишин ояндаи наздик зери обанбори нерӯгоҳи Роғун мемонад.

Прадип Сривастава,  намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон ба расонаҳо гуфтааст, ки пешниҳоди кумаки молиявӣ рӯзи 5 декабр аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк маъқул дониста шуд.

Ба гуфтаи Сривастава, ин роҳи муҳими долони байнулмилалист, ки дастрасии 17 маҳаллаи аҳолинишинро ба имконот ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ таъмин мекунад. Дар лоиҳа сохтмони наздики 75 километр роҳи духата, якчанд пулу нақб пешбинӣ шудааст. Амалисозии лоиҳа дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, маблағҳои аз ҷониби Бонки осиёии рушд ҷудомешуда ба сохтмони қитъаи аввали роҳи Обигарм – Тоҷи Қамар бо масофаи 30 километр равона мегарданд.

Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин қитъа сохтмони ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр дар назар аст.

Прадип Сривастава афзуд, ки Фурсат кам буда, то замони зери об рафтани роҳи ҳозира, ин қитъа бояд то соли 2023 сохта шавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои сохтмони ин роҳ аз канори обанбор дар маҷмӯъ ҳудуди 350 млн. доллар маблағ зарур аст.

Барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур ҳукумат ба дигар шарикони рушд низ муроҷиат кардааст.

Дар назар аст, ки маблағҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, ҳамчунин Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пешниҳод мешаванд.

. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Роҳи амалкунанда байни маҳаллаҳои аҳолинишин ояндаи наздик зери обанбори нерӯгоҳи Роғун мемонад.

Прадип Сривастава,  намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон ба расонаҳо гуфтааст, ки пешниҳоди кумаки молиявӣ рӯзи 5 декабр аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк маъқул дониста шуд.

Ба гуфтаи Сривастава, ин роҳи муҳими долони байнулмилалист, ки дастрасии 17 маҳаллаи аҳолинишинро ба имконот ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ таъмин мекунад. Дар лоиҳа сохтмони наздики 75 километр роҳи духата, якчанд пулу нақб пешбинӣ шудааст. Амалисозии лоиҳа дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, маблағҳои аз ҷониби Бонки осиёии рушд ҷудомешуда ба сохтмони қитъаи аввали роҳи Обигарм – Тоҷи Қамар бо масофаи 30 километр равона мегарданд.

Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин қитъа сохтмони ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр дар назар аст.

Прадип Сривастава афзуд, ки Фурсат кам буда, то замони зери об рафтани роҳи ҳозира, ин қитъа бояд то соли 2023 сохта шавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои сохтмони ин роҳ аз канори обанбор дар маҷмӯъ ҳудуди 350 млн. доллар маблағ зарур аст.

Барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур ҳукумат ба дигар шарикони рушд низ муроҷиат кардааст.

Дар назар аст, ки маблағҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, ҳамчунин Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пешниҳод мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular