Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«The Guardian» Facebook ва Twitter-ро ба нафратпароканӣ алайҳи ислом муттаҳам кард

«The Guardian» Facebook ва Twitter-ро ба нафратпароканӣ алайҳи ислом муттаҳам кард

Рӯзномаи «The Guardian» шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter-ро ба он муттаҳам кард, ки дар заминаи нафратпароканӣ алайҳи ислом ва мусалмонон, ба таври пинҳонӣ бо ифротгароён ҳамкорӣ мекунанд.

Рӯзномаи «The Guardian» дар гузорише бо унвони “Тавтиаи пинҳон” навишт, ифртгароён бо ҳимояти бархе тарафҳо, бахусус Амрико, Британия ва Исроил аз пойгоҳи интернетии Facebook ва Twitter ба унвони абзоре барои нафратпароканӣ алайҳи ислом ва мусалмонон истифода мекунанд.

«The Guardian» навиштааст: Гурӯҳе аз бузургтарин созмонҳо ва саҳифаҳои шахсии ростгароёни ифротӣ, бар асоси ин тавтиа тавонистаанд дар қиболи фоидаҳое, ки насиби ин ширкатҳо месозанд, исломситезиро дар байни ҷомеа густариш диҳанд.

Тибқи ин гузориши «The Guardian», қароргоҳҳои мудирияти ҳисобҳои корбарӣ дар Исроил, Амрико, Австралия, Австрия ва Нигерия аст, ки бо интишори паёмҳое дар ростои нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон, муҳоҷирони мусалмон дар кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто шуморе аз сиёсатмадорони мусалмон ё ҳомии мусамонон, монанди шаҳроди Лондон, шуморе аз аъзои Конгресси Амрико ва раҳбари Ҳизби коргари Британия фаъолият мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular