Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигаронии Ҷеми Флай аз таъқиби хабарнигорон дар Эрон

Нигаронии Ҷеми Флай аз таъқиби хабарнигорон дар Эрон

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз маҳдудияти дар ҳоли афзоиш дар баробари дастрасии хабарнигорони байналмилалӣ ба шунаванддагон дар Эрон изҳори нигаронӣ кард.

Ҷеми Флай рӯзи шанбе дар мусоҳибае бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз таъқиби хабарнигоронамон дар Радиои Фардо сахт нигарон ҳастем. Ҳамкорони мо аз бахши форсии Садои Амрико, Би-би-сӣ ва Мавҷи Олмон низ бо ин вазъ рӯ ба рӯянд.”

Изҳороти президенти Радиои Озодӣ дар пайи эътирозҳои густардаи хушунатомез дар Эрон сурат гирифт. Эътирозҳо дар сартосари Эрон баъд аз тасмими Теҳрон дар бораи афзоиши қимати сӯзишворӣ оғоз шуд.

Дар натиҷа Ҷумҳурии Исломӣ чанд рӯз дастрасӣ ба шабакаи интернетро қатъ кард.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон тазоҳуроти ахир дар он кишварро танзимшуда аз хориҷ номид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular