Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстирдоди якбораи 40 муҳоҷири тоҷик аз Русия

Истирдоди якбораи 40 муҳоҷири тоҷик аз Русия

Ҳудуди 40 муҳоҷири тоҷик бо ҳукми додгоҳҳои Русия ба истирдоди маҷбурӣ аз қаламрави ин кишвар маҳкум ва аллакай ихроҷ карда шудаанд. Кормандони хадамоти федералии приставҳои судии Русия онҳоро шаби 8 декабр аз фурудгоҳи Домодедово ба ҳавопаймои Маскав – Кӯлоби ширкати “Уралские авиалинии” (парвози рақами 2969) бор кардаанд. Ин ҳавопаймо соати 00:50 аз пойтахти Русия ба Кӯлоби Тоҷикистон парвоз кард.  Дар ин бора сомонаи Ахбор хабар дод. 

Тавре манбаъи хабар менависад, лаҳзаи ба фурудгоҳ овардани муҳоҷирони депортшуда аксбардорӣ шудааст.

Дар аксҳо дида мешавад, ки муҳоҷирони депортшударо барои гузаштан аз сабт дар парвоз ва хатти марз қатор кардаанд. Дар дасти ин муҳоҷирони бечора ҳадди аксар як халтаи хурди пластикӣ аст ва бархеаш, тавре дида мешавад, комилан дасти холӣ ба Ватан бармегарданд.

Аксари муҳоҷироне, ки ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мешаванд, бо ҳукми додгоҳҳои Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи убури марзҳои он кишвар маҳрум карда мешаванд. Вале нафароне ҳам ҳастанд, ки ба муҳлати хеле бештар ҳаққи пой гузоштан ба қаламрави Русияро аз даст медиҳанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ахиран санади ихроҷи як донишҷӯи тоҷики яке аз донишгоҳҳои шаҳри Қазонро нашр карданд, ки ӯро ба далели барояш номаълум то соли … 2099 аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум кардаанд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд, ду сол пеш аз марзи 300 ҳазор нафар гузашта буд. Дар афве, ки соли 2017 Русия фақат барои муҳоҷирони тоҷик ба роҳ андохт, 104 ҳазор будубоши худро дар Русия қонунӣ карданд ва дар “рӯйхатти сиёҳ”-и тоҷикони мамнӯъулвуруди Русия ҳудуди 170 ҳазор боқӣ монд.

Ҷониби Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ ба Русия пешниҳоди афви наве барои муҳоҷирони тоҷикро дод, вале Маскав онро напазируфт.

Бо ин ҳол, омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар “рӯйхатти сиёҳ”-и Русия дигарбора рӯ ба афзоиш овардааст.

Бино ба омори расмии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, то 1 октябри соли 2019 шумораи шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудаанд, 261 ҳазору 512 нафарро ташкил медиҳад. Танҳо дар як соли охир (аз 1 октябри соли 2018 то 1 октябри соли 2019) шумори тоҷикон дар “рӯйхатти сиёҳ”-и Русия 52 ҳазору 831 нафар ё 25 дарсад зиёд шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular