Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия чаҳор сол аз ҳузур дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шуд

Русия чаҳор сол аз ҳузур дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шуд

Созмони ҷаҳони мубориза бо допинг рӯзи душанб 9 декабр эълом кард, ки аз тавсия ва арзёбии комиссияи мустақили таҳқиқоти допинг пайравӣ карда ва кишвари Русияро ба муддати чаҳор сол аз ҳузур дар рақобатҳои байналмилалӣ маҳрум хоҳад кард. 

Ба ин тартиб Русия иҷоза нахоҳад дошт ба унвонӣ як кишвари ширкаткунанда дар мусобиқоти олимпии 2020-и Токио ва олимпии замистони 2022-и Пекин ҳузур ёбад. 

Русия акнун 21 рӯз фурсат дорад, ки ба ин тасмим эътироз кунад. Дар ин сурат девони байналмилалии варзиш ин парвандаро баррасӣ ва ҳукми ниҳоииро содир хоҳад кард. 

Таҳримҳои варзишӣ алайҳи Русия мавориди мутаъаддиде аз иқдомоти танбеҳиро дар бар мегирад. Аз ҷумла он ки узвияти Созмони зидди допинги Русия (RUSADA) дар Cозмони ҷаҳонӣ мубориза бо допинг ба боз дошта мешавад. 

Дигар он ки варзишкорони Русия танҳо таҳти шароите вижа ва ба унвони “варзишкори бешаҳрвандӣ” иҷоза хоҳанд дошт дар рақобатҳои олимпӣ, параолимпик ва ҳамчунин мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат кунанд. 

Аз он гузашта кишвари Русия иҷоза нахоҳад дошт мизбонии ин рақобатҳои ҷаҳониро бар ӯҳда бигирад ва барои мизбони онҳо дархост диҳад. 

Шоёни зикр аст, ки тасмими Созмони ҷаҳонии мубориза бо допинги бозиҳои мусобиқоти футбол ҷоми миллатҳои Аврупо дар сол 2020-ро, ки дар Санкт-Петербург баргузор мешаванд, шомил намегардад. 

Ин созмон дар ростои тасмими худ эълом карда буд, ки ин мусобиқотро “рақобати якварзишӣ ва қораӣ” арзёбӣ кардааст. Афзун бар он бояд дар назар дошт, ки федератсияи футболи Аврупо ба таври мустақим таҳти пӯшиши мавозини Созмони ҷаҳонӣ мубориза бо допинг қарор надорад, аммо федератсияи ҷаҳони футбол онро имзо кардааст. 

Расвоии допингии Русия ба додаҳои ҷаълии озмоишгоҳӣ дар Москва марбут мешавад, ки дар сентябр сол 2018 ба Созмони ҷаҳонӣ мубориза бо допинг ироа шуда буд. 

Созмони ҷаҳонии мубориза бо допинг қасд дошт, ки аз тариқи баррасии ин додаҳо шароити лозим барои узвияит дубораи Созмони зидди допинг Русия (RUSADA)-ро фароҳам овард ва ҳамчунин бо баррасии абъод расвоии допингӣ дар Русия алайҳи варзишкорони ноқизӣ, иқдомоти танбиҳеи лозимро иттихоз кунад. 

Комиссияи мустақил, ки баррасии ин мавзӯъро бар ӯҳда дошт, дар ҷараёни таҳқиқоти худ мутаваҷҷеҳ шуда, ки ҳазорон дода пок ё ҷаъл шудаанд. Гуфта мешавад, ки саъйи Русия бар он буд, ки аз ин тариқ монеъ аз ба хатар афтодани фаъолиятҳои дасти кам 145 варзишкор шавад. 

Албатта ин нахустин бор нест, ки варзиши Русия бо чунин зарбае рӯбарӯ шудааст. Дар соли 2018 дар бозиҳои олимпии замистонӣ дар Кореяи ҷанубӣ низ кишвари Русия аз ҳузур дар ин мусобиқоти маҳрум шуда ва варзишкорони Русия зери парчами олимпӣ 

дар қолаби тимӣ таҳти унвони “варзшкорони олимпии рустабор” дар ин мусобиқот ширкат карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular