Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧаҳор варзишгари тоҷик ба Чин мераванд

Чаҳор варзишгари тоҷик ба Чин мераванд

Чаҳор вазишгари номии тоҷик ба охирин чорабинии силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии дзюдо даъват шуданд. Қувваозмоиҳо рӯзҳои 12-14 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор мешавад.

Тибқи иттилоии маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи кишвар аст, ки 4 варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа даъват шудаанд. Дар ҷараёни он Сомон Муҳаммадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо рақибони худ гуштин мегиранд.

Сомон феълан дар ҷойи 17-уми вазни то 73 килограми радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Беҳрӯз дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ ҷойи 18-уми вазни то 90 килограм ва Темур мавқеи 27-уми вазни зиёда аз 100 килограмро ишғол кардаанд.

Тибқи низомнома, дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯйи радабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд. 

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон, тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, 448 варзишгар (230 мард, 218 зан) аз 67 кишвар ширкат меварзанд. Қувваозмоиҳо аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мепазиранд.

Варзишгароне, ки соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд, дар баробари медал ҷоизапулӣ низ мегиранд. Барои ҷойи аввал 9000 доллари ИМА, барои мақоми дуюм 6000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 3000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular