Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВокуниши ҳукумат ба бӯҳрон: андоз, боҷ ва ҷаримаҳо 25 дарсад боло мераванд

Вокуниши ҳукумат ба бӯҳрон: андоз, боҷ ва ҷаримаҳо 25 дарсад боло мераванд

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2017”, соли оянда боҷу андозҳо, ҷарима ва дигар пардохтҳои 25 дарсад боло хоҳанд рафт.

Дар ин лоиҳа омадааст, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 40 сомонӣ ба 50 сомонӣ хоҳад расид. Зимни бозбинии ин нишондиҳанда беқурбшавии эҳтимолии пули миллӣ ба назар гирифта мешавад, аммо даромади мардум, аз ҷумла маъош ба назар гирифта намешавад.  

Зоҳиран бо ин болобарӣ ҳукумат мехоҳад даромад аз андоз ва боҷҳоро бештар гардонад, аммо ба андешаи коршиносон эҳтимоли натиҷаи баръакс додани ин кор бештар аст. Соли дуввум аст, ки бо вуҷуди бештар шудани қарзҳои хориҷӣ, нақшаи буҷаи кишвар иҷро намешавад.

Тибқи иттилои форуми ҷаҳонии иқтисодии Competitiveness Report Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил мешавад, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар бори молиётӣ доранд.

Лоиҳаи Қонуни “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2017” дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular