Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРафту омад байни Тоҷикистону Узбекистон осон мешавад?

Рафту омад байни Тоҷикистону Узбекистон осон мешавад?

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон аз баррасии мавзуи сода намудани судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя хабар дод.

Сафири Узбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, гурӯҳҳои кории ду кишвар дар Тошканд, пойтахти Узбакистон дар миёнаҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ масоили равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки яке аз ин масоил сода намудани равуо байни кишварҳо барои шаҳрвандони ин ду ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, ки низоми раводид бо Тоҷикистон, ки аз соли 2000 оғоз карда буд, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди аъзои гурӯҳҳои террористӣ ба қаламрави Узбакистон буд ва ба ҳеч ваҷҳ алайҳи миллати тоҷик набудааст.

Шоҳқосим Шоҳисломов муътақид аст, ки ба тадриҷ мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон барои беҳбуди равобити дуҷониба иқдом хоҳанд кард .

Кишвари Узбекистон аз соли 2000 ба баъд тамоми марзи худ бо Тоҷикистонро ба баҳонаи  ҷилавгирӣ аз вуруди аъзои гурӯҳҳои террористӣ минагузорӣ намуда, минбаъд равобит байни ин ду кишвар то рафт коҳиш ёфт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular