Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБарои ҷилавгирии занозаниҳо байни муҳоҷирон шаҳраки сайёр бунёд мекунанд

Барои ҷилавгирии занозаниҳо байни муҳоҷирон шаҳраки сайёр бунёд мекунанд

Ҳукумати вилояти Ленингради Руссия тасмим гирифтааст, ки дар маҳалли сохтмонҳо барои муҳоҷирони корӣ шаҳракҳои сайёр бисозад. Гуфта мешавад, ки мақсад аз сохтани шаҳракҳои сайёр гирифтани пеши роҳи низоъҳои байниҳамдигарии муҳоҷирони корӣ аст.

Соли равон чандин ҳодисаи занозании муҳоҷирони корӣ байни ҳамдигар дар вилояти Ленинград ба қайд омадаанд, ки ҳамагӣ омилҳои иҷтимоӣ доштаанд. Дар натиҷаи чунин низоъҳо нафарони зиёде маҷрӯҳ гашта ва иддае барои вайрон кардани тартиботи муқаррарӣ аз хоки кишвар истирдод низ шудаанд.

Алексей Бритсун, раҳбари кумитаи шуғли аҳолии Ленинград гуфтааст, ки чунин чораҷӯӣ шароити буду боши муҳоҷиронро беҳбуд мебахшад ва низоъҳои қавмиро байни онҳо коҳиш хоҳад дод.

Таъкид мегардад, ки шаҳраки сайёри муҳоҷирони корӣ мағоза, кобинаҳои барои оббозӣ, ошхона ва ташнобҳои замонавиро фаро хоҳанд гирифт ва тибқи лоиҳаи пешакӣ ҳар кадом аз ин шаҳракҳо ҳудуди 2 ҳазор одамро дар худ ҷой хоҳанд дод. Ин шаҳракҳо посбон доранд ва ҳар нафар бо иҷозат вориди он мегарданд. Аҷаб нест, ки дар канораҳои ин шаҳрак дурбинҳои назоратӣ низ насб гарданд. Бо баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ шаҳраки сайёр хеле осон аз ҷойе ба маҳаллӣ нав интиқол меёбад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular