Дар Душанбе ба бунёди боғи бузурги истироҳатӣ, ки бисёриҳо онро бинобар ибтикори писари раисҷумҳур ва раиси пойтахт буданаш, “боғи Рустам” ҳам меноманд, шурӯъ шудааст. Садҳо хонавода аз ин маҳал кӯчонида шуда хонаҳои онҳо, ки қимати умимиашон даҳҳо миллион доллар аст, хароб карда мешаванд.
Барои кӯчонидани хонаҳои мардум, пардохти ҷубронпулӣ ба онҳо (ҳарчанд дар ҳаҷми чанд баробар камтар аз қимати аслии хонаҳояшон) ва бунёди ин боғ беш аз 200 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки буҷаи кишвар ҳамеша аз камбуд менолад, моҳонаву нафақаҳо пардохт намешаванд, ин қадар маблағ барои бунёди боғи бузург аз куҷо дастрас мешавад?
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, ё ҳади ақал дар чаҳор ноҳияи он – Панҷ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён барои сохтмони ин боғ ҳанӯз як моҳ қабл ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ карда буданд. Гуфтанист, қаблан ҳам, ҳанӯз замоне, ки тоза бунёди ин боғ тасдиқ шуда буд, мақомоти ин ноҳия аз деҳқонон барои бунёди ин боғ . Ҳамчунин садҳо соҳибкор ва ширкатҳои хурду миёнаву бузург дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар муаззаф шудаад дар бунёди ин боғи бузург саҳм гузоранд.
Дирӯз мо Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои дахлдор супориш додааст, ки барои бунёди деворҳои зиддитармаӣ дар Душанбе-Хуҷанд-Чанок сармоягузор пайдо кунанд. Бояд 60 девори зиддитармавӣ бо тӯли 6 ҳазор метр сохта шавад, ки барои сохтмони онҳо бо ҳисоби ҳукумат ҳудуди $54 млн зарур аст. Ҳукумат мехоҳад ба ҳамин миқдор аз интститутҳои молиявӣ ва кишварҳои сармоядор гранту қарз дарёфт кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки роҳи Душанбе-Чанок, ягона роҳе, ки ҷанубу шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, пулакӣ буда, маблағи даромади он ба ширкати офшории IRS меравад. Ин ширкат тибқи иттилоъи маноеъи зиёд, ба Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон таъаллуқ дорад.
Як ҳафтаи дигар пештар меравем. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумони кишвар бештар аз ҳама дар бораи саховатмандии соҳибкорон ва мардум гуфт ва 5 маротиба (!) ба онҳо изҳори сипосу ташаккур кард, ки бо кафкӯбии пурмавҷи вакилону вазирон истиқбол гардид.
Ҳоло ин се мавзӯъ ба ҳам чӣ рабт доранд?
Албатта онҳо ба ҳам рабти мустақим надоранд, аммо ҳалқаи пайвасткунанда доранд, ки онро мешавад “фарҳанги гадоӣ” номид. Аниқтараш фарҳанги хоси (уникалии) гадоии Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш. Мисолаш ҳам танҳо ин се нест, мо танҳо се мисоли як ҳафтаи охирро гирифтем, вагарна садҳо мисол метавон овард.
Қаблан раисҷумҳкр дӯст дошт ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс сафар кунад ва ин сафараш зуд-зуд анҷом мешуд. Бо вуҷуди сафарҳои зиёди Раҳмон ба ин кишварҳо, ЯГОН созишномае, ки дархӯри манофеъи ду ҷониб бошад, баста нашуда, ё ҳади ақал ба иҷро надаромадаанд. Зеро сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишварҳо аслан корӣ ва дипломатӣ набуданд. Ӯ онҷо барои гадоӣ мерафт.
Тибқи иттилоъи як манбаъи мӯътамади Паём, дар ҳар сафараш ба ҷуз кӯмакҳое, ки барои кишвар мегирифт, Эмомалӣ Раҳмон аз 80 то 130 миллион доллар пули нақд меовард – тӯҳфаи амирони ин кишварҳо, ки баъдан ин пулҳоро касе намедид. Бархе аз коршиносон мутмаъинанд, ки кандани равобиташ бо Эрон ҳам танҳо ба хотир дарёфти ин кӯмакҳо буд.
Ҳоло ин гадоии ӯ ба як фарҳанг дар кишвар табдил шудааст. Ҳам вазирону кабирон онро чун як пешрафт, дастовард, сиёсати хирадмандона ва ғайра қабул мекунанду барояш кафкӯбӣ мекунанд, ҳам мардум ба ин назар бовар кардааст, ки бояд ҳаҷ нараваду пули онро барои сохтани роҳу пул масраф кунад ва ҳам хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон мутмаъин аст, ки буҷаи кишвар барои дуздии онҳо он сохта шудааст ва масрафҳо бояд аз кисаи “соҳибкорону мардуми саховатманд” бошад. Онҳо худро аз мардуми кишвар ва ҳатто аз ҳукумату давлат ҷудо ва бартар медонанд. Оё боре шунидаву хондаед, ки домод, духтар ё додарарӯси раисҷумҳур ҳатто як синфхона сохта бошад? На. Зеро онҳо самимона бовар мекунанд, ки сохтан кори соҳибкорону мардум буда, кори онҳо дуздии буҷа ва дороиҳои кишвар аст.
Ҳоло Эмомалӣ Раҳмон бидуни кадом иҷозае аз мардум 2 дарсади буҷаро, ки пули мардум аст, ба фонди шахсии худаш ихтисос додааст ва онро моли шахсии худ медонад. Вагарна хиҷолат мекашид, ки китоби аз ҳисоби ин фонд чопмешудаи “Тоҷикон”-ро тӯҳфа аз номи раҳбари давлат номад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо идома кардани ҳукумати хонаводагӣ, ин фарҳанги гадоӣ рушди бештар ёфта, пуррӯии ин хонавода амиқтар хоҳад шуд. Баъид нест, ки рӯзе хонаводаи Раҳмон эълон кунад буҷа дигар танҳо барои баровардани ниёзҳои оила аст ва тамоми масорифи давлат бояд аз ҳисоби “соҳибкорону шахсони саховатманд” пӯшонида шавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

