Бонки ҷаҳонӣ дар доираи таҳқиқот бо унвони “Гӯш додан ба Тоҷикистон” муайян кардааст, ки нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 бештари тоҷикистониён худро камбизоат шуморидаанд
8 дар сади хонаводаҳои пурсидашуда аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз ҳаёт “норозианд”.
Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, дар доираи таҳқиқоти “Гӯш додан ба Тоҷикистон” ҳар моҳ беш аз 1400 хонавода иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, қаноатмандӣ аз хизматрасониҳои таъмини барқ дар сатҳи паст боқӣ монда, ба хонаводаҳои камбизоатон хавфи баланди нимгуруснагӣ таҳдид мекунад.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки “тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ ва интиқоли пул вобаста аст, ки ҳар ду омили зикршуда қатъиян хусусияти мавсимӣ доранд”.
Бино ба маълумоти дипломатҳои русиягӣ, соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик наздики 3 млрд долларро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба беш аз 36 др сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Наздики 77 дар сади даромади аҳолии Тоҷикистон давоми солҳои 2008-2018 аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба даст омадааст.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии даромади аҳолии кишвар тӯли ин солҳо 39 миллиарду 600 миллион доллар ва ҳаҷми умумии интиқоли пул – 30 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

