Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистониён камбағалтар шудаанд

Тоҷикистониён камбағалтар шудаанд

Бонки ҷаҳонӣ дар доираи таҳқиқот бо унвони  “Гӯш додан ба Тоҷикистон” муайян кардааст, ки нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 бештари тоҷикистониён худро камбизоат шуморидаанд

8 дар сади хонаводаҳои пурсидашуда аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз ҳаёт “норозианд”.

Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, дар доираи таҳқиқоти “Гӯш додан ба Тоҷикистон” ҳар моҳ беш аз 1400 хонавода иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, қаноатмандӣ аз хизматрасониҳои таъмини барқ дар сатҳи паст боқӣ монда, ба хонаводаҳои камбизоатон хавфи баланди нимгуруснагӣ таҳдид мекунад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки “тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ ва интиқоли пул вобаста аст, ки ҳар ду омили зикршуда қатъиян хусусияти мавсимӣ доранд”. 

Бино ба маълумоти дипломатҳои русиягӣ, соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик наздики 3 млрд долларро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба беш аз 36 др сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Наздики 77 дар сади даромади аҳолии Тоҷикистон давоми солҳои 2008-2018 аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба даст омадааст.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии даромади аҳолии кишвар тӯли ин солҳо 39 миллиарду 600 миллион доллар ва ҳаҷми умумии интиқоли пул – 30 миллиарду 400 миллион  долларро ташкил додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular