Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири хориҷаи Қатар ба барои баррасии вазъи минтақа ба Ироқ меравад

Вазири хориҷаи Қатар ба барои баррасии вазъи минтақа ба Ироқ меравад

Вазири умури хориҷаи Қатар барои баррасии таҳаввулоти минтақа рӯзи чаҳоршанбе ба Ироқ сафар хоҳад кард. 

Ҳамид Абдулҳаким, вазири умури хориҷаи Ироқ дар ҳисоби твиттери худ навишт: Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, вазири умури хориҷа ва муовини нахуствазири Қатар тайи рӯзҳои оянда ба Бағдод хоҳад омад. 

Бар асоси ин гузориш, вай бо мақомоти ироқӣ таҳаввулоти минтақа ва роҳҳои берун рафт аз буҳрони кунуниро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор хоҳад дод. 

Дар ҳамин росто телевизиони Ироқ гузориш дод, ки Аҳмад Саид ас-Саҳаф, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ин кишвар эълом кард, ки вазири умури хориҷаи Қатар рӯзи чаҳоршанбеи оянда вориди Бағдод шуда ва бо Бархам Аҳмад Солеҳ раисҷумҳур, Муҳаммад ал- Ҳалбоусӣ раиси маҷлис ва Одил Абдул-Маҳдӣ нахуствазири давлати пешбурди умури Ироқ дидор ва масоили минтақа ва коҳиши таниш дар онро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор хоҳад дод. 

Дирӯз амири Қатар барои баррасии вазъи минтақа Ҳамад бин Халифа оли Сонӣ вориди Теҳрон шуд ва бо мақомоти эронӣ, аз ҷумла раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дидору гуфтугӯ кард. 

Гуфтанист дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ тавассути Амрико дар Ироқ таниш миёни Теҳрон-Вашингтон шиддат гирифт. Эрон низ дар 8 январ дар вокуниш ба ин ҳамла, даҳҳо фарванд мушаки плистик ба самти пойгоҳи Айн-ул-асад маҳалли истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар устони Ал-Анбори Ироқ шиллик кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular