Гуфтугӯи вазир-генералҳои тоҷик, ки рӯзи 13 январ ба шаҳри Исфара сафар карда буданд бо ҳамтоёни қирғизашон шурӯъ шуд.
Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим шоми дирӯз ба шаҳри Исфара рафт.
АМИТ “Ховар” бо истинод ба ёрдамчии муовини сарвазири Тоҷикистон Сӯҳроб Одинаев хабар медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, имрӯз бо ҳайати ҳукуматии Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазир Жениш Разоқов
Музокирот имрӯз соати 10-и субҳ оғоз ёфт.
“Ба ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси КДАМ Саймумин Ятимов, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ шомил мебошанд”.
Ба ҳайати Қирғизистон низ роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти сарҳади давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва инчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ шомиланд.
Зимни мулоқот вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, тадбирҳои минбаъда барои мӯътадилсозии он, масоили таҳкими амнияти сарҳад, чораҳои пешгирикунанда барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои фаромарзӣ, инчунин масоили тақвияти делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.
Бино ба гузориши манбаъ, имрӯз ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсталаби сарҳадот гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда, ки ба ҳайати онҳо харитасозон, заминченкунон ва коршиносон шомиланд, машғул мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки мулоқот дар асоси тавофуқи президентони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ба даст омад, сурат мегирад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

