Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶарима барои монеъа ба кори журналист то 115 доллар

Ҷарима барои монеъа ба кори журналист то 115 доллар

Интизор меравад дар Узбекистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дахолат ва эҷоди монеа ба фаъолияти рӯзноманигор ҷарима таъйин шавад.

Чунин тағйирот дар моддаи 197 қисми панҷ пешбинӣ мешавад.

“Моддаи 197 қисми 5. Дахолат ё эҷоди монеа ба фаъолияти қонуниву касбии рӯзноманигор ё водор кардан ба паҳнсозӣ ва ё пешгирӣ аз паҳнсозии иттилоъ, беасос рад кардани дархости аккредитатсия ва беасос бекор кардани аккредитатсия, поймол кардани ҳуқуқи рӯзноманигор дар робита ба дархости рӯзноманигорӣ ва дарёфти иттилои зарурӣ ва ё ғайриқонунӣ мусодира кардани мавод ва асбобҳои кории рӯзноманигор – боиси ҷаримабандии аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо мешавад”.

Дар ҳоли ҳозир як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Узбекистон наздики 23 долларро ташкил медиҳад.

Баррасии тарҳи мазкур то 28-уми январ давом хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular