Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОилаи Раҳмон Роғунро ҳам хусусӣ хоҳад кард?

Оилаи Раҳмон Роғунро ҳам хусусӣ хоҳад кард?

Маҷлиси намояндагон имрӯз тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусисозии амволи давлатӣ”-ро, ки аз тарафи ҳукумати кишвар пешниҳод шуда буд, тасвиб кард. Намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (КДСИАД) гуфт ин тағйирот ба хотири ҷалби сармоя ба корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла НОБ Роғун роҳандозӣ шудааст. 

Тибқи ин тағйирот, ба гуфтаи намояндаи КДСИАД  имкони ҷалби сармоя ҳамчунин барои рушди “Ширкати алюминии тоҷик”, ки аз 1 ноябри соли гузашта бо қарори ҳукумат ба ҷамъияти саҳҳоми кушода табдил дода шуд, фароҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Орзу Аҳмадзода, ки тарҳро дар парлумон муаррифӣ мекард, аз шарҳи тағйироти қабулшуда худдорӣ кардааст.  

Тибҳи ҳамин қонун, ки моҳи феврали соли 2009 қабул шуда буд, нерӯгоҳҳои Норак, Роғун ва инчунин ТАлКо наметавонанд хусусӣ гардонида шаванд. Онҳо корхонаҳои муҳими стратегӣ ҳисобида шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба қабули тағйироти нав ба ин қонун бо шубҳа менигаранд.

“Аввал ин ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин корхонаву нерӯгоҳҳо ҳукумат ҳади ақал ҳамин ҳоло ба воридкунии тағйирот ба қонун ниёз надошт, – гуфт коршиносе, ки нахост номаш зикр шавад. – Сармоя ҳам ба ТАлКо ва ҳам ба НОБ Роғун бе ҳеҷ тағйироте аллакай ҷалб шудаанд – ба Роғун тавассути фурӯши евробондҳо ва ба ТАлКо аз Чин. Фикр мекунам инҷо зери коса нимкосае ниҳон аст”.

Ин коршинос мегӯяд зоҳиран овозаҳо дар бораи ба Чин додани ТАлКо воқеъият дорад ва ҳукумат маҷбур ба воридкунии тағйирот ба қонун шудааст: “Аз тарафи дигар, бояд хеле содалавҳ бояд буд, ки фикр кунем НОБ Роғун ҳамеша давлатӣ хоҳад монд ва аз тарафи оилаи раисҷумҳур, ки тамоми бизнесҳо дар кишварро монополия кардааст, хусусӣ нахоҳад шуд. Ҳоло нерӯгоҳи Роғун ба овардани фоида шурӯъ кардааст ва аз ин пас танҳо ва танҳо фоида хоҳад дод. Албатта шояд як-ду соли дигар сабр кунанд, то чархаҳои дигарро ҳам аз ҳисоби буҷаву қарзи давлатӣ насб кунанд ва корҳои боқимондаро ба анҷом расонанд. Он замон, мутмаъин бошед, ки НОБ Роғун моли хусусии яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон ё Рустами Эмомалӣ хоҳад шуд. НОБ-ҳои Нораку Қайроққум ҳам баъди навсозӣ, ки тоза шурӯъ шудааст, ба дасти афроди оилаи расиҷумҳур мегузарад”. 

Ӯ ҳамчунин илова кард: “Фоҷеъа чандон бузург нест, агар Роғун моли оилаи Раҳмон шавад, чунки рӯзе фаро мерасад, ки миллат онро бармегардонад. Метарсам, ки ба ивази қарзҳои бепоён, Раҳмон Роғунро ба Чин надиҳад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular