Thursday, April 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБАТР барои троллейбусҳои Душанбе $2,5 млн ҷудо мекунад

БАТР барои троллейбусҳои Душанбе $2,5 млн ҷудо мекунад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои барқарор кардани зерсохтори троллейбусии шаҳри Душанбе 2,8 млн. доллар ҷудо мекунад. Лоиҳа имрӯз дар ҷаласаи палати поёнии парлумон маъқул дониста шуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод, ки дар лоиҳа барқарор кардани зеристгоҳҳои мавҷуда ва насби ноқилҳои фидерӣ, ҳамчунин хатҳои тероллейбусӣ ва пояҳо пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазир, маблағи умумии лоиҳа 8 млн. долларро ташкил медиҳад. Бастаи молиявӣ аз қарзи зери кафолати давлатӣ ба маблағи 5,2 млн. доллар ва гранти БАТР дар ҳаҷми 2,8 млн. доллар иборат аст.

Тибқи маълумоти ҳукумати пойтахт, КВДК “Троллейбус” ба 7 хатсайри троллейбусӣ хизматрасонӣ мекунад. Соли гузашта ба пойтахт троллейбусҳои нави истеҳсоли Беларус оварда шуданд. Зикр гардида буд, ки ин тамғаи троллейбусҳо дар муқоиса бо навъҳои дигар нерӯи барқро сарфкорона истифода мекунад.

Қобили зикр аст, ки аввалин троллейбусҳо дар роҳҳои Душанбе моҳи майи соли 1955 ба равуо оғоз карданд.

То имрӯз БАТР ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон наздики 670 млн. евро (баробар ба 740 млн. доллар) сармоягузорӣ кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular