Дасткории як санад ба додситон, ёвари ӯ, муфаттиш ва раиси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон имкон додааст аз муттаҳамон $2500 ришва гиранд, онҳоро гунаҳкор бароранд ва ба 22500 сомонии дигар ҷарима банданд.
Асноде, ки ба дасти Паём расидааст ҳикоят аз як қаллобии дастаҷамъона аз тарафи мақомоти тафтишотии ин ноҳия мекунад. Муфаттиш ба худ иҷоза додааст на танҳо санад дасткорӣ кунад, балки ба он мӯҳри давлатӣ ҳам гузоштааст.
Ин санади дасткоришуда, бо вуҷуди хулосаи экспертиза, дар додгоҳ ҳам чун далели шайъӣ қабул шуда, муттаҳамон ҷазо гирифтаанд. Дар ҳоле, ки хулосаи экспертиза дар бораи дасткорӣ шудани баёнот ба додгоҳ пешниҳод шудааст ва додситон ҳам аз нишон додани нусхаи аслии баёнот худдорӣ кардааст. Яъне раиси додгоҳи ноҳия низ дар ин ҷиноят даст дорад.
Дар натиҷаи дасткории ин баёнот, баъди ду соли навишта шудани он, ду иҷрочии собиқи додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – Шамсидинов Саиднуридин Садирдинович ва Саидов Шамсидин Сафарович дар азхудкунии молу мулки ғайр муттаҳам ва шуданд. Шамсиддинов бо моддаи 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ў мебошад) қисми 2 (аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидов бо моддахои 245 кисми 2 ва 247 (Қаллобӣ) кисми 2 (такроран) гунаҳкор ва 22500 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳукми додгоҳи нохияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 02.09.2019 сол таҳти раёсати раиси додгоҳ Сайдали С.С. содир шудааст.
Ягона “далел”-и ҷиноят, ки муфаттиш ба додгоҳ пешниҳод кардааст нусхаи дасткоришудаи санад “Оиди қабул ва супоридани маблағи нақд ба ситонанда” мебошад. Дар ин санад, тибқи гуфтаи Саиднуридин Шамсидинов сана ва ҳаҷми маблағи гирифташуда дасткорӣ шудааст ва ба гуфтаҳояш далел ҳам пешниҳод мекунад. Ин ҳам акси он санади дасткоришуда:
3. Муфатиши додситонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Раҳматуллозода Додарҷон Ҷонон, ки санадро шахсан дасткорӣ ё ба дасткории он амр карда, онро дар додгоҳ чун далели шайъӣ пешниҳод кардааст ҷияни муовини додситони кулли ҶТ Ваҳҳобов Валӣ Манонович;
4. Раиси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Саидалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ, ки парванда ва мурофиаро мустақиман худаш бурда, бо вуҷуди пешниҳоди далели дасткоришуда будани санад онро қабул накардааст ва аз муфаттиш ҳам асли санадро талаб накардааст – аз афроди наздики раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.
Ин далелҳо гуфоҳи онанд, ки системаи тафтишотӣ ва додгоҳии кишвар ҳам аз тарафи афроди муайян ва доираи танге монополия шуда, бештари онҳо ба ҳамдигар равобити хешутаборӣ ва ё ҳади ақал дӯстӣ доранд. Ин афрод мақомоти давлатиро ба манбаъи даромади шахсӣ аз ҳисоби ғорати мардум табдил додаанд. Ин аст, ки шикояти ҷабрдидагон ба зинаҳои болоии ин ду мақом бар зарари худи шикояткунандаҳо тамом мешавад.
Барои мисол, Саидалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ, раиси додгоҳи ноҳия ба ҷуз додгоҳ дар ҳеҷ ҷои куҷои дигаре кор накардааст. 1400 сомонӣ моҳона мегирад, аммо дар маркази шаҳри Бохтар хонаи 3-ошёнагӣ сохта, автомашинаи 50 хазор долларӣ савор мешавад. Инчунин дар шаҳри Левакант, дехаи Ботробод низ хонаи сеошёнагии дигаре дорад, ки маблағи сохтмони он ҳади ақал 350-400 хазор долларро ташкил медихад.
Ҳоло ӯ барои соҳиб шудан ба курсии раиси додгоҳи вилояти Хатлон мубориза мебарад.
Саиднуридин Шамсидинов мегӯяд барои пирӯзии ҳақ то охир мубориза хоҳад кард. Аммо оё ӯ тани танҳо ба ин аждаҳоҳое, ки тамоми системаи тафтишотиву додгоҳиро азхуд кардаанд, пирӯз хоҳад шуд?
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

