КМИР эълон кард дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 39 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки дар он шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷонибдории номзади худ ба вакилӣ овоз дода метавонанд. Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад.
Имрӯз дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода дар бораи ташкили 39 ҳавзаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар қарор қабул шуд.
Қитъаҳо дар 30 кишвари дунё боз мешаванд, ки Тоҷикистон дар онҳо сафоратхона дошта, 9 консулгарии ҷумҳурӣ амал мекунанд.
Овозҳои интихобкунандагони тоҷикистонии муқими хориҷи кишвар ба протоколи ҷамъбастии ҳавзаи якмандатии интихоботи №3-и ноҳияи Шоҳмансур илова карда мешаванд.
Ташкили 39 ҳавзаи интихоботӣ дар хориҷ ва вобаста кардани он ба як ҳавза дар Душанбе дар ҳолест, ки дар ҳади ақал 1,5 миллион овоздиҳанда дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд. Тибқи охирин иттилоъ, ки дар натиҷаи баҷайдгирии муҳоҷирон ба даст омадааст, танҳо дар Русия наздики 1 млн 200 ҳазор муҳоҷири корӣ қарор доранд. Дар ҳамин ҳол КМИР дар ин кишвар ҳамагӣ 5 ё 6 ҳавзаи интихоботӣ ташкил мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон давлати Тоҷикистон манфиатдор аст шумори камтари муҳоҷирон барои овоздиҳӣ раванд, зеро дарсади хеле ками онҳо ҷонибдори ҳизби ҳоким ҳастанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

