Thursday, April 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Ховар”-и чилдурӯғ

“Ховар”-и чилдурӯғ

Сойти “Кимиёи саодат” дурӯғи навбатии хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон “Ховар”-ро ифшо кардааст. Бори чандум аст, ки дурӯғҳои ин хабаргузорӣ ифшо мешаванд, аммо зоҳиран “Ховар” тавба карданӣ нест.

Ин хабаргузории 15 январ гузорише аз сафари кории Раиси Риёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, Аҳмад Зиё Сироҷ ва ҳайати ҳамроҳ ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯи ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ироа кард.

Дар гузориши хабаргузории “Ховар” аз ҷумла омадааст, ки дар дидору гуфтугӯи тарафайн “дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра таъкид гардид.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular