Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСӯхторҳои Австралия: Бо вуҷуди борони шадид поёни сӯхтор “дур аз интизор” аст

Сӯхторҳои Австралия: Бо вуҷуди борони шадид поёни сӯхтор “дур аз интизор” аст

Ҳамроҳ бо тӯфоне, ки дар рӯзҳои ахир дар шарқи Австралия вазид, борони сангине ин манотиқро фаро гирифт аммо мақомот ҳушдор доданд, ки поён буҳрони миллии сӯхтор ҳамчунон “дур аз интизор” аст. 

Ба рағми бориши борон, беш аз 80 сӯхтор ҳамчунон дар Ниосоут велз ва Виктория идома дорад, иттилоъ медиҳад ВВС. 

Тӯфони шадиде Мелбурн ва Канберраро фаро гирифта ва жолае ба бузургии тӯби голф дар ин манотиқ боридааст. 

Жола панҷараи сохтмонҳо ва шишаҳои худравҳоро шикаста ва садҳо телефон дар марокизи кумакҳои фаврӣ ба садо даромад. 

Иёлотҳои Виктория, Ниосоут велз ва Квинзеланд боронҳои шадидеро шоҳид буд ва ин мавзӯъ дар рӯзҳои ахир ба хомӯш кардани оташ кумак кард. Аммо дар асари бодҳои шадид абрҳои бузурги гард ва ғубор ба по хост. 

Бо вуҷуди борон аммо сӯхтор дар манотиқи ҷануби шарқии Австралия идома дорад, ки ба унвони вайронгартарин ҳодиса сабт шудааст. 

Аз сентябри 2019, ки сӯхтор оғоз шуд, дасти кам 30 нафар кушта шуданд, беш аз ду ҳазор хона тахриб шуд ва 10 миллион гектар замин, минтақае ба андозаи Англия, дар оташ сӯхт. 

Донёл Андаруз, раиси давлати иёлати Виктория, рӯз душанбе гуфт борони ахир “хеле судманд” будааст. Аммо дар айни ҳол афзуд, ки тӯфонҳо, талош барои хомӯш кардани оташро ба таъхир андохтааст ва бузургроҳҳо масдуд шудаанд. 

Дар Иёлоти Ниосоут велз, теъдоди оташсӯзиҳо аз нахустин ҳафтаи январ, ки 150 маврид буд, нисф шуд. Рӯзи якшнбе 69 мавриди сӯхтори фаъол вуҷуд дошт. 

Аммо мақомот ба ВВС гуфтаанд ба вижа дар Виктория, ҷануби Австралия, Тосмониё ва бахшҳое аз Ниосоут велз ва ғарби Австралия то поёни фасли оташсӯзӣ “моҳҳои бисёре дар пеш” аст. 

Доктор Ричорд Торантон аз Маркази таҳқиқоти хатароти табиӣ ва сӯхтор гуфтааст: “Мо дар бахшҳое аз ҷануби Австралия ҳанӯз ба нуқтаи авҷи фасли сӯхтор нарасидаем. Таърих нишон медиҳад, ки феврал бисёр моҳи хатарноке аст.”

Январ ва феврал бадтарин моҳҳо буданд аммо мақомот ҳушдор доданд, ки сӯхторҳо то апрел метавонад идома ёбад. 

Мақомоти Ниосоут велз ҳамчунин аз баргашти шароити доғ ва бодӣ хабар доданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular