Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодгоҳ ҳукми Нилуфар Раҷабоваро бетағйир гузошт

Додгоҳ ҳукми Нилуфар Раҷабоваро бетағйир гузошт

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар паи шикояти кассатсионии Нилуфар Раҷабова, хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло ва духтари Раҳматулло Раҷабов, узви зиндонии ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи қаблиро бетағйир гузоштааст.

Рӯзи 18-уми декабри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи “майдаавбошӣ” 550 сомонӣ ҷарима баст. Вале ин зани ҷавон мегӯяд, гуноҳе надорад ва баръакс аз ҷониби маъмурони милиса ва намояндаи Идораи занон барои сатр доштанаш боздошт ва таҳқиру азият шуд.

Баррасии шикояти ӯ рӯзи 22-юми январ зери раёсати додрас Хуршед Азизматзода дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Раъно Абдуллоева дар мурофиа иштирок надоштааст.

Нилуфар Раҷабова қаблан аз хушунат ва озор аз сӯи пулис ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурда буд. Аммо то ҳанӯз нисбат ба ин шикояти ӯ аз сӯи мақомот чораандешӣ нашудааст. 

Ин зани ҷавон дар ҳоле барои доштани рӯсарӣ ба идораи пулис бурда шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular