Як шахси номаълум пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди деҳаи Бободархони ноҳияи Ашти вилояти Суғдро дуздидааст.
Сокинон мегӯянд, ҳодиса шаби 6-уми январ иттифоқ афтода, то ба ҳол гумонбар дастгир нашудааст. Ба қавли онҳо, сандуқ чанд моҳ боз дар берун аз дарвозаи масҷид насб шуда, баъди аз Русия омадани сокинон пули зиёде ба он ворид шудааст. Маблағи умуми рабудашуда ҳанӯз маълум нест. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Дар як наворе, ки дурбини назоратии масҷид сабт кардааст ва Радиои Озодӣ навиштааст нусхаи онро дар даст дорад, ки дар он дида мешавад, шахсе ниқобпӯш сандуқи хайрияро бо табар шикаста ва пулҳоро гирифтааст.
Мақомоти милиса намедонанд дар даруни сандуқи хайрияи масҷид чанд сомонӣ пул будааст, чун касе аз масъулони масҷид пулҳои дохили сандуқро ҳисоб накардааст.
Маъмулан имомхатибон ва ё намозгузорон бо пур шудани сандуқ онро меекушоянд ва пулҳои ҷамъшударо барои таъмири масҷид ва кумак ба дармондагон харҷ мекунанд.
Аммо сокинони Бободархон ба расонаҳо гуфтаанд, ҳоло ки зимистон аст, аксар муҳоҷирон аз Русия баргашт, дар хонаҳояшон қарор доранд ва ба сандуқи хайрияи масҷид аз дигар вақт дида бештар пул ворид мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

