Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар рӯзи нерӯҳои мусаллаҳ парад бо ширкати 7000 низомӣ баргузор мегардад

Дар рӯзи нерӯҳои мусаллаҳ парад бо ширкати 7000 низомӣ баргузор мегардад

Ба муносибати бисту ҳафтумин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо ширкати беш аз 7 ҳазор сарбоз ва афсари Вазорати дифои ин кишвар паради низомӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилоъ аз расонаҳои давлатии Тоҷикистон паради низомӣ дар маҳалли Горди миллии кишвар  ва бо ширкати беш аз 7 ҳазор сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои низомии кишвар баргузор мешавад.

23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба унвони Рӯзи таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон шомили нерӯҳои ҳавоӣ, падофанди ҳавоӣ, нерӯҳои заминӣ аст.

Тибқи барномаи давлат ва ниҳоди низомии Тоҷикистон, як радаи бузурги низомӣ бо мушорикати тамоми нерӯҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратии кишвар дар сентябри соли 2021 ҳамзамон бо сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular