Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигаронии сафири Русия аз коҳиши русидонҳо дар Тоҷикистон

Нигаронии сафири Русия аз коҳиши русидонҳо дар Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон аз коҳиши шумори афроди ошно бо забони русӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Игор Лякин-Фролов дар маросими муаррифии донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Русия, ки дар соли таҳсили 2020-2021 донишҷӯёни тоҷикро мепазиранд, гуфтааст, ки “на танҳо дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон, балки дар шаҳри Душанбе низ мо шоҳиди коҳиши шумори касоне ҳастем, ки забони русӣ медонанд”. Сафири Русия дар Тоҷикистон афзуд, ин дар ҳолест, ки Маскав дар солҳои ахир барои боло рафтани ҷойгоҳи забони русӣ иқдомоти зиёде анҷом додааст.

Лякин-Фролов ба овардани муаллимони забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон низ ишора карда, афзудааст, имрӯз аз мақомоти сиёсӣ то мудирони мадорис ва волидайни донишомӯзони тоҷик аз фаъолияти ин афрод ибрози ризоиятмандӣ мекунанд.

Фролов гуфтааст яке аз роҳҳои боло бурдани ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон омӯзиши ин забон аз боғчаи кӯдакон аст.

Игор Лякин-Фролов ҳамчунин аз тасмими Русия барои пазириши 630 донишҷӯи тоҷик дар соли таҳсилии 2020-2021 аз ҳисоби буҷаи Русия хабар дод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular