Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШароити буҳронии урдугоҳи оворагони Идлиб (навор)

Шароити буҳронии урдугоҳи оворагони Идлиб (навор)

Сармои ҳаво ва борандагӣ шароити зиндагиро барои ҷангздагони сурӣ дар урдугоҳҳои Идлиб буҳронӣ ва ғайри қобили таҳаммул кардааст. 

Ғайри низомиёне, ки аз бими ҳамалоти режими Асад ва ҳомиёни он маҷбур ба тарки хонаҳои худ ва сукунат дар чодарҳои муваққате, ки дар манотиқи нисбатан амнтар дар шимоли Идлиб барпо шуда, ҳастанд. 

Сармо ва намии ҳаво шароити зиндагиро барои 65 хонаводае, ки ҷамъияти онҳо ба 350 нафар мерасад, беш аз пеш душвор кардааст. 

Абдулқодир Инон, масъули урдугоҳи шайх Мустафо дар мусоҳиба бо хабарнигори Анатолии Туркия ба шарҳи шароити душвори зиндагӣ ин ҷангздагон пардохта ва гуфтааст: пас аз ҳамалоти режими Асад ба Ал-Нуъмон маҷбур ба тарки хона ва кошонаҳоямон ва паноҳ гирифтан дар инҷо шудем. 

Вай афзудааст: Чодарҳо дар ду радиф барпо шуда аммо роҳҳои миёни онҳо гил ва лой аст ва зерсохтҳои лозим барои рехтани сангреза низ вуҷуд надорад. Чодарҳои ускон муносиби фасли замистон нест, агар барои пӯшондани сақфи онҳо палостик таҳия шавад, кӯдакон аз тар шудан дар борон дар амон мемонанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular