Monday, January 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Истиқлол” қаҳрамон шуду Муҳаммадиев мураббии “Истиқлол”

“Истиқлол” қаҳрамон шуду Муҳаммадиев мураббии “Истиқлол”

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе пас аз пирӯзӣ ба дастаи “Барқчӣ” бо ҳисоби бузурги 5-1 як давра пеш аз анҷоми бозиҳои Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд.
Ду голи “Истиқлол”-ро узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Алиев ба дарвозаи барқчиён ворид кард ва Манучеҳр Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дилшод Восиев ҳисоби “Истиқлол”-ро ба 5 бурданд.
Як голи “Барқчӣ”-ро бошад Нуриддин Ҳамроқулов зад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз бозингари маъруфи “Помир”-и Душанбе дар замони шӯравӣ ва сармурабби қаблии тими мунтахаби кишвар Мӯҳсин Муҳаммадиев бо имзои як шартнома барои се сол сармураббии тими “Истиқлол” баргузида шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев бо далели нокомии тими мунтахаби кишвар, соли гузашта аз мақоми сармураббигии он истеъфо дода буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular