Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Дод аз дасти чунин давлату ҳукуматдорӣ!” Писари муовини раиси ҲСДТ ғайб задааст

“Дод аз дасти чунин давлату ҳукуматдорӣ!” Писари муовини раиси ҲСДТ ғайб задааст

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ғайб задани писараш Ҳоҷиакбар дар Русия хабар додааст. Ӯ имкони дуздида шудани писараш бинобар ширкаташ дар интихоботи парлумониро баъид намедонад.

Муовини раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки 5 рӯз мешавад писараш Одинаев Ҳоҷиакбар дар Федератсияи Русия беному нишон гаштааст. Ӯ навиштаашро бо ҷумлаи “Дод аз дасти чунин давлату ҳукуматдорӣ!” шурӯъ карда, гуфтааст “ман, ки намоянда аз ҲСДТ дар интихоботи дар пешистода хастам, шояд писари маро дуздидаанд ё пинҳон кардаанд”.

Одинаев тоҷикони муҳоҷир ва муқими шаҳри Маскави Русия хоҳиш кардааст ҳар маълумоте дар бораи писараш доранд ба ӯ ирсол намоянд. 

Ҳамчунин муовини раиси ҲСДТ рақами писари дигарашро навишта, хоҳиш кардааст ба ӯ кӯмак карда шавад. Ин ҳам рақами бародари Ҳоҷиакбар:: +79252999120 мебошад. 

Дар охир Маҳмурод Одинаев навиштааст: Ҳукумати мо агар ҷавононро бо кор таъмин менамуд, ҳоҷат ба мардикорӣ рафтани фарзандони мо ба давлатҳои дигар набуд”.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби ғайрикисагӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо 8 номзад вориди сабқати интихобот гаштааст. Маҳмурод Одинаев ҳамроҳ бо раиси ин ҳизб Раҳматилло Зоиров ва муовини дигари ӯ Шокирҷон Ҳакимов аз номзадҳои интихоботи қарибулвуқӯъ мебошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular