Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетИнфиҷори пули байни Афғонистону Тоҷикистон

Инфиҷори пули байни Афғонистону Тоҷикистон

Сухангӯи пулиси устони Қундуз дар шимоли Афғонистон Ҳаҷаротуллоҳ Акбарӣ эълом кард, ки гурӯҳи Толибон бо инфиҷор пули роҳбурди Олчин — роҳи транзитии Афғонистон ва Тоҷикистонро бо роҳҳои Ноҳияҳои Имом Соҳиб, Кулбот, Қалъаи Зол ва Дашти Арчӣ масдуд кард.

Ҳаҷаротуллоҳ Акбарӣ рӯзи якшанбе ба расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфтааст: “Гурӯҳи толибон пас аз шикасти сангин дар ноҳияи Хонобод шаби гузашта ин пулро мунфаҷир кард. Гурӯҳи толибон пас аз тасарруфи ноҳияи Хонобод камтар аз 24 соат тавассути нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон аз ин шаҳр берун ронда шуда.

Пули Олчин ба унвони роҳи транзитии Афғонистону Тоҷикистон 300 метр тул дошта рӯзона садҳо худрави борбарӣ ва мусофиркашонӣ аз он убур мекарданд.

Акнун гурӯҳи Толибон рустоеро дар наздикии ин пул дар ихтиёри худ дорад ва аз он ба унвони пойгоҳи низомӣ барои ҳамлаи нерӯҳои ин гурӯҳ истифода хоҳанд кард.

Гузоришҳои расида ҳокӣ аз онаст, ки ҳам акнун даҳҳо худрави тоҷирон дар ду тарафи ин пул мутаваққиф шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular