Sunday, April 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲеҷ як аз роҳбарони бонкҳои муфлисшуда ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд

Ҳеҷ як аз роҳбарони бонкҳои муфлисшуда ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зикр шуд, ки аз рӯйи далели аввали соли 2016 ба буҳрон дучор шудани чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳеҷ касе аз ҳайати раҳбарии бонк, аз ҷумла, собиқ раисони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда нашуданд.

Зимни посух ба суоли хабарнигорон директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки айни замон 800 иншооти манқул ва ғайриманқули қарздорони “Агроинвестбонк” ба маблағи умумии 900 млн сомонӣ таҳти ҳабс қарор гирифтаанд.

Ӯ қайд кард “Иншооти ҳабсшуда ба фурӯш гузошта шуда, маблағи аз онҳо бадастомада ба ҷуброни зиёни аз ҷониби бонк расонда равона мешаванд”.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли гузашта дар бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар изҳор дошт, ки дар баъзе мавридҳо масъулини бонкҳо ба азонихудкунии маблағҳои пулӣ даст зада, ба шахсони наздики худ бидуни таъмини гарав ва ғайриқонунӣ қарзҳои бонкӣ додаанд.

Он замон президент таъкид дошта буд, ки нисбат ба кормандони “Агроинвестбонк” 68 парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи 40 млн сомонӣ ва нисбат ба кормандони “Тоҷиксодиротбонк” аз рӯйи далели азхудкунии 65 млн сомонӣ 60 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular