Ин аксе ки мебинед, албатта, аз ҳавопаймое нест, ки дар он субҳи якшанбе 16 феврал Хӯҷа Каримов (дар санадҳо – Раҳим Каримов), як фармондеҳи собиқи Фронти халқиро, ки бо номи Хӯҷа-Командир маъруф буд, аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон оварданд. Ба гуфтаи манобеи “Ахбор”, ҳангоми истирдод ба рӯи Хӯҷа-Командир халта кашида буданд, то мусофирони парвози субҳи якшанбеи ширкати “Сомон Эйр” ва ҳамин тавр, мардуми дигар дар фурудгоҳи Душанбе ӯро шинохта натавонанд. Истирдоди Хӯҷа ба воситаи Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон (сардораш – подполковник Шоҳрух Саидзода) сурат гирифтааст ва Хӯҷа-Командир ҳоло дар Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД қарор дорад. Хӯҷа Каримов ҳамроҳи як муҳофизи русаш рӯзи 30 июли соли 2019 бо дархости мақомоти Тоҷикистон бар асоси рӯйхатти Интерпол дар Дубай дастгир шуд, вале баъди се ҳафта ӯро ба шарти то баррасии парвандаи истирдодаш берун нарафтан аз маҳалли зист озод карда буданд. Хӯҷа Каримов, ки баъди пирӯзии Фронти халқӣ минтақаи Ғозималики водии Вахшро ба “бекигарӣ”-и худ табдил дода буд, дар ибтидои солҳои 2000 аз Тоҷикистон фирор кард. Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2008 Хӯҷа Каримовро бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, бандитизм, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд. Хӯҷа-Командир ибтидо дар Малайзия паноҳ бурда, солҳои охир дар Дубай зиндагӣ мекард. Мақомоти ВКД ҳанӯз хабари истирдоди Хӯҷа Каримовро расман шарҳ надодаанд.
Сомонаи “Ахбор” нахустин шуда, хабари боздошти Хӯҷа Каримов дар Дубай ва инак нахустин шуда хабари истирдодаш ба Душанберо нашр кард.
Бино ба иттилои манобеи “Ахбор”, Хӯҷа Каримовро рӯзи 30 июл дар Дубай ҳамроҳи муҳофизи русаш, ки мураббии Хӯҷа ҳам буд, дастгир карданд. Рӯзи 23 август хабар омад, ки мақомоти Дубай Хӯҷаро ба шарти то анҷоми баррасии парвандаи истирдодаш берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардаанд. Гуфта мешуд, ки ин кор бо мусоидати бархе мақомоти баландпояи Тоҷикистон муяссар шудааст, ки намехостанд сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД подполковник Шоҳрух Саидзода, ки барои овардани Хӯҷа ба Дубай рафта буд, муваффақ шавад.
Ба гуфтаи манобеи “Ахбор, масъалаи истирдоди Хӯҷа ба сабаби ихтилофи назар дар байни худи мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дучори мушкил шуд ва чунин тӯл кашид. Дар ҳоле ки ВКД ва командаи Шоҳрух Саидзода ба истирдоди ӯ пойфишорӣ мекард, роҳбарони чанд ниҳоди дигари ҳифзи ҳуқуқ баракс бар ин назар будаанд, ки дигарбора бод кардани коҳҳои кӯҳнаи даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба манфиати ҳукумат нест ва беҳтар ин аст, ки домани Хӯҷаро раҳо кунанд. Онҳо ҳатто машварат додаанд, ки Хӯҷа Каримовро бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргардонанд ва бархе тиҷорату мақомҳои аздастдодааш, аз ҷумла дар Федератсияи футболро барқарор кунанд.
Ва аммо баъди “подстава” бо гӯё “бозгашти ихтиёрӣ”- и Шарофиддин Гадоев, инак, боз озод шудани Хӯҷа Каримов ба обрӯ ва нуфузи Шоҳрух Саидзода, як узви калидии тими Рустами Эмомалӣ латмаи ҷиддӣ мезад ва ба ин далел, раёсати зери роҳбарии ӯ ин корро то охир бурд ва инак Хӯҷа Каримовро ба Душанбе овард. Ва акнун зоҳиран мониа эҷод кардани бархе мақомот дар роҳи истирдоди зудтари Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон беҷавоб нахоҳад монд.
Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2008 Хӯҷа Каримовро бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, бандитизм, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд. Хӯҷа-Командир ибтидо дар Малайзия паноҳ бурда, солҳои охир дар Дубай зиндагӣ мекард.
Як мақоми баландпояи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан дар шарҳи боздошти Хӯҷа Каримов дар Дубай гуфта буд, ки ки ин фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ бо як бераҳмии фавқулодааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда, ба даст доштан дар ҷиноятҳои махсусан вазнин айбдор мешавад: “Хӯҷа Каримов бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, бо шумули қатлу куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, бандитизм аз соли 2008 тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шуда буд. Тибқи баёноти шоҳидон, Хӯҷа худаш ҳадди ақал дар 8 куштор бевосита иштирок кардааст. Аз ҷумла дар қатли ду вакили Шӯрои олии Тоҷикистон – генерал Тағай Шукуров, ки дар солҳои ҷанг ҳамсангари Хӯҷа буд, вале баъд гапашон гурехт, ва Саидшо Саидов бо бародараш. Саидшо Саидов вакили Шӯрои олӣ буд, ки ба Маскав фирор карда буд ва соли 1993 бо даъвати ҳукумат барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои олӣ ба Душанбе баргашт. Вале Хӯҷа бо одамонаш Саидшо Шоевро ҳамроҳи бародараш Сияршо Шоев, як мансабдори баландпояи вазорати кишоварзӣ аз назди Шӯрои олӣ ба мошиншҳояшон бор карда бурданд ва азобу шиканҷа дода, ҳардуро парронданд”.
Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон (Ғозималик) ба дунё омада, оиладор, соҳиби 7 духтар аст.
Хӯҷа Каримов, ки як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва бо маслиҳати дӯсташ Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон,ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.
Хӯҷа Каримов баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов амалан ба “шоҳ”-и Ғозималик табдил ёфта, ҳамчунин муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.
Ӯ ҳамчунин дар интихоботи парлумонии соли 1995 аз ҳавзаи Уялӣ вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд. Он ҳайъати парлумони Тоҷикистон дар таърих ҳамчун парлумони боевикҳо ёд мешавад.
Моҳи марти соли 1998 Хӯҷа Каримовро дар ҷаласаи парлумон бо иттиҳоми даст доштани дар чандин куштор, аз ҷумла қатли вакилони парлумон Саидшо Шоев (собиқ мудири корхонаи пахтаи Ғозималик), ки соли 1993 бо бародараш аз назди бинои Шӯрои Олӣ рабуда ва сипас кушта шуданд, дастгир карданд. Хӯҷа-Командирро ҳамчунин ба қатли ҳамсангари давраи ҷангаш генерал Тағай Шукуров айбдор мекарданд, вале ӯ баъди чанде аз боздошт озод шуд.
Хӯҷа Каримов дар поёни солҳои 90 ба футбол рӯ оварда, мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар он футболбозони ҷавони умедбахшро гирд оварда буд.
Аммо дар аввали солҳои 2000 сояи парвандаи ҷиноятӣ дигарбора болои сари Хӯҷа-Командир соя афканд ва ӯ соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард.
Мегуфтанд, ки ӯ ба Малайзия паноҳ бурдааст. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки ба ҷои Хӯҷа Каримов президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, боре қисса карда буд, ки зимни як сафараш ба Малайзия барои ширкат дар ҷаласоти Конфедератсияи футболи Осиё, дар меҳмонхонае дар Куала-Лумпур бо Хӯҷа Каримов рӯбарӯ зад, вале Хӯҷа, ба гуфтаи Сӯҳроб Қосимов, аз суҳбат бо вай канора ҷуста, зуд меҳмонхонаро тарк кардааст.
Хӯҷа Каримов бо бераҳмии фавқулоддааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буд. Мегуфтанд, ки Хӯҷа барои як кори ночиз, ҳатто барои бад будани табъаш метавонист ягон касро парронад. Сомонаи “Ахбор” чанде пеш дар бораи Саидаҳмад ном овозхоне аз водии Вахш қисса карда буд, ки Хӯҷа –Командир аввал ӯро ба пойҳояш тир зада, баромада меравад ва баъди чанд соат вақте бармегардаду мебинад, ки ӯ зинда аст, таҷрибаи духтуриашро ба ёд оварда, Саидаҳмади маҷруҳро бор карда, ба беморхона мебарад ва худаш теғи ҷарроҳиро гирифта, ҳарду пои ӯро мебурад. Ин мард 27 сол боз аз пои равон маҳрум буда, бо гитор дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ таронаҳои ҳузнангез мехонад.
Аммо Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, баъди боздошти падараш дар як нома ба сомонаи “Ахбор” навишт, ки падари вай дузду каллабур набуд, балки як марди шӯху сахӣ буд. Наргиси Абдураҳим навишт, “падари мо гунаҳкор аст ё бегуноҳ, танҳо дар назди Худованд ҷавоб мегӯяд!”
Бознашр аз сойти “Ахбор”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

