Wednesday, October 22, 2025
ADS
HomeПаём нетРузҳои 5,6,7-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон шуд

Рузҳои 5,6,7-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон шуд

6 ноябр 22-солагии қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия рӯзҳои 5, 6 ва 7-уми ноябрро рӯзҳои истироҳатӣ эълон кардаанд.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллӣ дониста мешавад. 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст  раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор гардид. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 боз ҳам аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд.
Рӯзи 6-уми ноябр Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Конститутсия Тоҷикистон тули ин 22 сол чандин моддаҳояш, бо вуҷуди тағйир додан дар амал пиёда нашуда боз ҳамон модда тағйир дода шудааст. Мисли ҳуқуқи интихоби президент.

Ҳамасола аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва поймол шудани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи шаҳрвандон ва ташкилотҳои байнлмилалии дифоъи ҳуқуқи башар шикояту нигарониҳо ба нашр мерасанд. Аммо то рафт беш аз пеш нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ру ба афзудан ниҳодааст.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?