Saturday, February 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк омӯзгори бадхоҳи ислом дар ИМА муҷозот хоҳад шуд

Як омӯзгори бадхоҳи ислом дар ИМА муҷозот хоҳад шуд

Ба унвони Вазоратҳои адлия ва маорифи Амрико аз штати Аризона дар қиболи рафтору гуфторҳои бади як занаки омӯзгор аризаҳои шикоятии зиёде расидааст, ки мусалмонони ин қаламрав аз забони дарози ин шахс азияти бемисле мекашанд.

Ин омӯзгор ба дини мубини ислом тавҳин фиристода, шогирдони мусалмони худро дар мактаб таҳти тазйиқи равонӣ қарор додааст. Дар номаи шикоятии ҳуқуқдонҳои Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико (ACLU), ки аз номи волидони ба хашмомадаи Аризона навишта шудааст, таъкид мегардад, ки ин омӯзгор ба хонандагони мусалмони мактаб таҳдид кардааст, ки дар сурати интихоб гардидани Доналд Трамп ба курсии президентӣ ҳамаи шумо аз мамлакат хориҷ хоҳед шуд.

Вай писаракеро аз Сумолӣ, ки Файе Майлз ном дошта, 11 сола мебошад, дар ҳузури хонандагони синф аз ҷой хезонда, бо лаҳни шадиду тунд гуфтаст:

“Ҳатто интизор ҳам намешавам, ки кай Трампро интихоб мекунанд. Вай ҳамаи шумо мусалмононро аз кишвар хориҷ месозад ва ту террористи навбатие хоҳӣ шуд. Метавонам дар ин бора шарт бибандам.”

Шогирди ин омӯзгори бадхоҳи мусалмонон бо чашмони пури ашк дар рӯ ба рӯи устоди худ истода, аз ин таҳқири беасос дар пеши ҳамсинфонаш шармсор гаштааст.

Омӯзгорзанро акнун на танҳо аз дабистон пеш хоҳанд намуд, балки барои таҳқир ба додгоҳ кашида, муҷозот хоҳанд сохт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular