Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги ду мубтало ба вируси коруно дар шаҳри Қуми Эрон

Марги ду мубтало ба вируси коруно дар шаҳри Қуми Эрон

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон фавти ду бемори мубтало ба вируси коруно дар шаҳри Қумро таъйид кард. 

Каёнваш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон дар робита бо шиносоии ду мавриди мубтало ба коруновирус дар шаҳри Қум бо интишори твиттӣ изҳор дошт: ба дунболи пайки бемориҳои ҳоди танаффусӣ зарфи рӯзҳои ахир дар Қум, ду маврид дар озмоишоти аввалия аз назари коруновируси мусбат гузориш шуданд. Мутаассифона ҳар ду бемор бо таваҷҷӯҳ ба куҳансолӣ ва нақси системаи эминӣ дар бахши муроқибатҳои вижа фавт карданд. 

Гуфтанист, Қосим Ҷонбобоӣ муовини дармони вазорати беҳдошти Эрон дар робита бо шиносоии ду мавриди мубтало ба коруновирус дар шаҳри Қуми ин кишвар гуфт: ин вирус ба кишвари мо ҳам вуруд пайдо кард ва феълоан ду мавридро шиносоӣ кардем, ки ташхиси аввалияи онҳо мусбат шудааст. Вируси коруно ба далели пинҳон будан, имкон шуйӯъ дар ҳар кишвареро дорад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular