Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБетаваҷҷӯҳии кишварҳои ҷаҳон ба пирӯзии Ғанӣ дар Афғонистон

Бетаваҷҷӯҳии кишварҳои ҷаҳон ба пирӯзии Ғанӣ дар Афғонистон

Пас аз эълони пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи гузашта анҷом шуд, то ҳол ҳеҷ кадом аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон вокунише надоштаанд.

Бо вуҷуди гузашти як рӯз аз эълони пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон то ҳол ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ин мавзӯъ вокунише нишон надодаанд.

Бар асоси гузоришҳо пеш аз эълони натиҷа Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон дар нишасте бо Абдуллоҳ ва шуморе аз аъзои аршади тими интихоботии “Субот ва Ҳамгароӣ” дидор кард.

Дар интихоботи пур аз тақаллуби соли 2014 ҳам Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҳар кадом худро пирӯз медонистанд, ки дар ниҳоят бо миёнҷигарии Ҷон Керри, вазири хориҷаи вақти Амрико ва бо нодида гирифтани овозҳо, ду тараф тавофуқ карданд то Ашраф Ғанӣ ба унвони раис ва Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроӣ ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил дода ва дар қудрат бо якдигар шарик бошанд.

Бархе аз коршиносони Афғонистон эълони пирӯзии Ашраф Ғаниро кудитои нарм медонанд ва мӯътақиданд, ки бо вуҷуди ҳазорон шикоят алайҳи тақаллуби тими интихоботии Ғанӣ, овозҳо ҳеҷ гуна тағйире накардааст, ин ба ин маъно аст, ки бидуни баррасӣ интихобот ба фоидаи Ашраф Ғанӣ эълон шудааст. Шояд ба ҳамин хотир бошад, ки аксари сарварони кишварҳои минтақа ҳатто ба табрики Ашраф Ғанӣ саросемагиро ба худ раво намебинанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular