Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ибтилои як шаҳрванди ин кишвар ба коруновирусро таъйид кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Фирӯзиддин Фирӯз, вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон дирӯз 24 феврал дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, озмоишҳо нишон медиҳад, ки аз се мавриди машкук дар шаҳри Ҳирот яке аз онҳо ба бемории ношӣ аз коруновирус мубтало шудааст.
Фирӯзиддин Фирӯз ба идораи беҳдошт ва дармони Ҳирот дастур дод аз ҳамаи имконоти худ барои муқобила бо коруновирус истифода кунад.
Афғонистон 33-умин кишвари ҷаҳон аст, ки коруновирус дар он сабт шудааст.
Коруновирус, авохири декабри соли гузашта барои нахустин бор дар шаҳри Вуҳон дар вилояти Ҳубейи Чин мушоҳида шудааст.
Беш аз 76 ҳазор нафар то кунун дар ҷаҳон ба коруновирус мубтало шудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

