Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПулис рӯзҳои интихобот ба реҷаи мукаммал мегузарад

Пулис рӯзҳои интихобот ба реҷаи мукаммал мегузарад

Дар арафаи интихоботи парлумонии 1 март, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи мукаммали хидматӣ мегузаранд, дар тамоми маконҳои пуриздиҳом, аз қабили бозор, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр тадобири амниятӣ пурзӯр карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта шудааст, ки “то анҷоми маъракаи интихоботӣ дар кишвар тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба реҷаи мукаммали хидматӣ мегузаранд ва сар аз 28 – уми феврал, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният ба реҷаи пурзӯри хидматӣ интиқол дода мешаванд.

Гуфта мешавад, дар давраи интихобот, барои ҳамоҳанг сохтани амалҳои кормандони қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як комиссияи байниидоравии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.

Ҳангоми интихобот дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ,  бозорҳо, хиёбонҳо ва кӯчаҳои ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурқувватшудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният, посбонӣ карда мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular