Ихтисоси кӯмаки 226 миллион долларии билоиваз ба Душанбе барои бозсозии роҳи Қалъаи Хум – Ванҷ то марзи ноҳияи Рушон дар вилояти мухтори Бадахшон аз тарафи Чин зери суол меравад.
Тибқи иттилоъи мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тавофуқномаи ихтисоси кӯмаки молии Чин барои бозсозӣ ва такмили ин роҳ дар нишасти 19 октябри соли 2019 дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуда буд ва Чин онро ба баррасӣ гирифт.
Аммо бо шуйӯъи коруновирус, ки зарбаи муҳлике ба иҷтисоди Чин задааст, ин тарҳ зери суол рафтааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин манбаъи молӣ барои бозсозӣ ва калонсозии қисматҳое аз ин роҳ аз шаҳракаи Қалъаи Хум, маркази ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Ванҷ то маркази ноҳияи Рушон бояд истифода мешуд.
Гуфта мешавад, ки тули ин роҳ ҳудуди 93 километр аст, ки сохти ду нақб ба тули 5 километру 200 метр ва 15 пулро шомил мешавад.
Танҳо роҳи заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Душанбе-Қулма ба далели воқеъ шудан дар баландиҳои вилояти Бадахшон фақат шаш моҳ дар сол дар фаслҳои баҳор ва тобистон қобили истифода аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

