Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲушдори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар бораи “ҳамагирии ҷаҳонӣ”-и коруно

Ҳушдори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар бораи “ҳамагирии ҷаҳонӣ”-и коруно

Омори густурдагии олудагӣ ба вируси коруно Созмони беҳдошти ҷаҳониро нигарон кардааст. Ин созмон ба вижа афзоиши ҷаҳишии мубталоён ба ин вирус дар Эрон, Итолиё ва Куриёи ҷанубиро ҳушдоромез талаққӣ кардааст. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз ҷомеъаи байналмилалӣ хоста, худро омодаи муқобила бо “ҳамагирии эҳтимолии” бемориии COVID-19 бар асари ибтило ба вируси коруно кунад. 

Тедрос Адханом Гебрейесус, раиси Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ба вижаи афзоиши ногаҳонии шумори мубталоён дар Эрон, Итолиё ва Куриёи ҷанубиро “амиқан нигаронкунанда” хондааст. 

Эрон, ки дар 19 феврал аввалин мавориди ибтило ба COVID-19-ро гузориш дод дар 24 феврал шумори фавтиҳоро 12 нафар номид. Каёнваш Ҷаҳонпур, раиси маркази иттилоърасонӣ ва равобити умумии вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи душанбе шумори мубталоёнро 61 тан эълом кард. 

Дар ҳоле, ки дар шабакаҳои маҷозӣ интишори ахбори ибтило ба коруно дар шаҳрҳои мухталиф Эрон зиёд шуда ва омори мунташиршудаи расмиро танҳо гӯшае аз воқеият медонанд, Ҷаҳонпур изҳороти намояндаи Қум дар Маҷлисро дар ин маврид, ки танҳо дар ин шаҳр 50 нафар то кунун бар асари ибтило ба ин беморӣ фавт кардаанд, рад кард ва “муҷиби тазъифи рӯҳияи мардум” хонд. 

Аҳмад Амирободии Фароҳонӣ, намояндаи Қум дар ҷаласаи алании Маҷлис дар рӯзи душанбе амалкарди давлат дар мувоҷиҳа бо коруноро “сифр” номид ва гуфт, ҳатто парасторон низ либоси муносиби карантинӣ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, “рузона 10 нафар дар Қум” аз паёмадҳои ин беморӣ ҷон мебозанд. 

Тохтутози коруно дар Итолиё 

Танҳо Итолиё то рӯзи душанбе аз беш аз 200 мубталои ҷадид бо панҷ фавт хабар додааст. Афғонистон, Баҳрайн, Кувайт, Уммон ва Ироқ низ мавориде аз ибтилоро гузориш кардаанд. 

Итолиё дар муддати кӯтоҳ табдил ба бузургтарин конуни ин беморӣ дар Аврупо шудааст. Аз рӯзи ҷумъа то ҳоло дар ин кишвар панҷ нафар дар пайи олудагӣ ба вируси ҷадиди коруно кушта шудаанд. Омори маризҳои корунои мусбат низ ба 219 нафар расидааст. Мавориди маргумир бахусус дар маризҳое гузориш шуда, ки синнашон боло буд ва бемориҳои заминаӣ доштанд. 

Мақомҳои итолиёӣ пас аз мушоҳидаи аввалин мавориди маргумир бар асари коруно иқдомоти сахтгиронае иттихоз карданд. 10 минтақа, аз ҷумла дар Ламбордӣ ва Венту карантин шуд. Маросими корновол дар Венетсия, мусобиқоти бузурги футбол ва гирдиҳамоиҳои бузурги дигар ҳама лағв шуд. Мадорис ва донишгоҳҳо дар тамоми манотиқ корунозада ба ҳоли таътил дар омад ва бисёре аз амокин ва синамоҳо баста шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular