Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон назорати марз бо Афғонистонро ташдид кард

Тоҷикистон назорати марз бо Афғонистонро ташдид кард

Тоҷикистон тадбирҳои назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард ва дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ шаҳрвандон дақиқан санҷида мешаванд. 

Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода хабар дода гуфтааст,  “дар Афғонистон аллакай далелҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, ин маълумотро дирӯз, 24-уми феврал ба мо тасдиқ карданд. Аз ин рӯ, тасмим гирфтем, ки назоратро дар убури сарҳад бо Афғонистон пурзӯр кунем”.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи пурра баста шудани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон сухан намеравад. Кормандони тандурустӣ айни замон дар сарҳад буда, вазъ он ҷо зери назорат аст. Барои пешгирии вуруди коронавирус ба кишвар тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бо мақомоти марбутаи ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Он шаҳрвандоне, ки дар карантин буданд, ягон аломати бемории мазкурро надоштанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular