Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 феврали 2020 дар шаҳри Доҳа дар маросими имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок намуд
Дар маросими имзои Созишномаи сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Русия, Қазоқистон ва Ҷопон оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.
Тибқи гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон “Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад”.
Вазорати умури хориҷӣ афзуда, ки дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии ИМА Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Комилов ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон.Мередов сурат гирифт.
Дар баёнияи давлатҳои Афғонистон ва Амрико дар пайи имзои созишнома бо Толибон омадааст, дар сурате, ки Толибон ба тааҳудоташ амал кунад, Амрико ва НАТО ҳамаи нерӯҳои худро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард.
Ҳамчунин бар асоси тавофуқи ИМА ва Толибон, Амрико дар муддати 135 рӯз пас аз ин тавофуқ нерӯҳои худро дар Афғонистон ба 8 ҳазору 600 нафар коҳиш медиҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

