Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМанъи вуруди шаҳрвандони 35 кишвар ба Тоҷикистон

Манъи вуруди шаҳрвандони 35 кишвар ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз хавфи сирояти коронавирус вуруди шаҳрвандони 35 кишварро ба Тоҷикистон манъ кардаанд.

Дар ин бора  Агентии авиатсияи гражданӣ ба хабаргузории Азия плюс иттилоъ  додаааст.

Агентии авиатсияи гражданӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостааст, аз ин ба баъд шаҳрвандони кишварҳоеро, ки дар онҳо хуруҷи вируси нав мушоҳида шудааст, ба ҳавопаймо роҳ надиҳанд.

Агентӣ гуфтааст, ин чора “бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши эҳтимолии коронавирус ва таъмини сиҳатии шаҳрвандони кишвар андешида шуд”.

Маълум нест, қарор аз кай ҳукми иҷро мегирад. Дар феҳраст кишварҳои

Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппин, Таиланд, Непал, Шри- Ланка, Ҳиндустон, Финландия, Итолиё, Бритониё, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Шейтсария, Амрико, Канада, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Кувейт, Баҳрайн, Умон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоир зикр шудаанд.

Агентӣ аз ширкатҳо дархост кардааст, ки фурӯши билетҳоро ба шаҳрвандони ин кишварҳо қатъ кунанд, вале маълум нест, ин маҳдудият кай поён меёбад.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар Тоҷикистон то кунун касе ба вируси наве, ки моҳи декабри соли гузашта дар Чин пайдо шуд ва то кунун боиси марги се ҳазоор нафар дар ҷаҳон шуд, гирифтор нашудааст.

Аммо садҳо нафаре, ки аз Чин баргашта буданд, ду ҳафта зери назорати пизишкон қарор доштанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular