Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗанозанӣ дар парлумони Туркия

Занозанӣ дар парлумони Туркия

Дар ҷараёни иҷлосияи парлумони Туркия дар масъалаи Идлиб, ки дирӯз баргузор шуд, байни Ҳизби ҳокими Aдолат ва Тавсеа ва CHP ҳизби мухолифи аслии ҳукумати Урдуғон низоъ сар зад.

Вакилони ду ҳизб ба ҳам дарафтода, занозанӣ карданд. Ҳарчанд атрофиён кӯшиш карданд, ки баъзе вакилонро ҷудо кунад, аммо муяссар нашуд. 

Дар Маҷлис замоне хархаша шурӯъ шуд, ки Энгин Озкоч, раиси Ҳизби Халқии Демократи CHP ба Урдуғон тохт.

Ӯ гуфт мо ба Идлиб чи кор дорем чаро сарбозонамонро ба онҷо мефиристам, ҷанг дар Идлиб на ба миллати мо на ба дини мо ҳеҷ робитае надорад.

Вакилон Ак парти ба Озкоч вокуниш нишон доданд ва занозанӣ ба амал омад. Гуфта мешавад байни вакилон захмиҳо ҳам ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular