Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетFreedom House Тоҷикистонро дар даҳгонаи бадтаринҳо ҷой дод

Freedom House Тоҷикистонро дар даҳгонаи бадтаринҳо ҷой дод

Созмони Freedom House ё Хонаи озодӣ, ки қароргоҳаш дар Амрико аст, дар гузориши наваш оид ба вазъи озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати “ноозод” ва дар қатори даҳ кишвари “бадтарини бадтаринҳо” ҷой додааст. 

Коршиносони Созмони Freedom House Дар гузориши “Озодӣ дар ҷаҳон – 2020: Муборизаи бидуни раҳбар барои демократия”, ки дирӯз 4-уми март нашр шуд, вазъи сиёсии 195 кишварро баҳогузорӣ кардаанд.

Дар гузориши мазкур инчунин феҳристи кишварҳое нашр шудааст, ки дар давоми даҳ соли гузашта поинравии фавқулодаи озодиҳоро шоҳид шудаанд. Дар миёни 29 кишвар, дар як ҷадвали махсуси таҳияшуда, Тоҷикистон ҳам ҷой гирифт. Ин ҷадвал “Поёнравии бештар дар даҳ соли гузашта, коҳиши фоҷеабори озодиҳо дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон мушоҳида шуд” ном дорад.

Дар ин ҷадвал гуфта мешавад, дар даҳ соли гузашта озодиҳо дар Тоҷикистон 18 зина поин рафта, дар зинаҳои болову поинаш Малдив, Яман, Озарбойҷон ва Бангладеш ҷой гирифтанд. Дар қатори кишварҳои “ноозод” Туркманистони ҳамсояи Тоҷикистон ҳам ёд шудааст.

Тибқи гузориши коршиносони Созмони Freedom House,  аз 195 кишвари мавриди таҳқиқ қароргирифта, 83 давлат ба гурӯҳи кишварҳои “озод”, 63 кишвар ба гурӯҳи “қисман озод” ва 49 кишвар ба гуруҳи “ноозод” шомил шуданд. Шумори кишварҳои озод дар давоми даҳ соли охир 3 дарсад кам шуда, баръакс, гурӯҳи кишварҳои “қисман озод” ва “ноозод” мутаносибан 2 ва 1 дарсад афзоиш ёфтанд.

Гуфтанист, дар ин гузориш бархӯрди мақомоти Чин нисбат ба уйғурҳо ва дигар ақаллиятҳои мусалмони Шинҷон ҳамчун “бадтарин намунаи саркӯбҳои дохилӣ” ва як “маъракаи маҳви фарҳангӣ” интиқод шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular